Қоҳир Расулзода аз Озарбойҷон ва Арманистон хост, ҷангро қатъ кунанд

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон зимни суханронии фосилавии хеш дар ҷаласаи ғайринавбатии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) аз давлатҳои Озарбойҷону Арманистон даъват намуд, ки ҷангро қатъ карда, роҳи ҳалли дипломатии ихтилофро ҷустуҷӯ намоянд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Бино бар навиштаи ин хабаргузорӣ, сарвазири мамлакат изҳори итминон кардааст, ки ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа – […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон зимни суханронии фосилавии хеш дар ҷаласаи ғайринавбатии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) аз давлатҳои Озарбойҷону Арманистон даъват намуд, ки ҷангро қатъ карда, роҳи ҳалли дипломатии ихтилофро ҷустуҷӯ намоянд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Бино бар навиштаи ин хабаргузорӣ, сарвазири мамлакат изҳори итминон кардааст, ки ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа – ин истифодаи муассир аз воситаҳои муколама дар асоси санадҳои қабулгардида мебошад.

“Муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳарчи зудтар роҳҳои ҳалли мушкилотро ба маҷрои сиёсиву дипломатӣ баргардонанд”, – иброз доштааст Қоҳир Расулзода.

Гуфтан ҷоиз аст, ки шоми дирӯз, 13-уми сентябр бо дархости Никол Пашинян, сарвазири Арманистон ва дар як вақт, раиси феълии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ҷаласаи ғайринавбатии ин Шӯро дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи мазкур, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 12-ум ба 13-уми сентябр миёни Озарбойҷону Арманистон дар масъалаи Қаробоғи Кӯҳӣ низои мусаллаҳона оғоз шуда, ҳар ду ҷониб ҳамдигарро барои иғвоангезӣ муттаҳам карданд.

Бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона, аз ҳарду ҷониб, ҳудуди 100 нафар кушта шудаву садҳо нафари дигар захм бардоштаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ихтилофи Озарбойҷон ва Арманистон сари масъалаи Қаробоғи Кӯҳи беш аз 30 сол шуд, ки идома дорад ва сари чанд вақт ба низоҳои мусаллаҳона мепечад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.