Сардори идораи зиндонҳои вилояти Суғд иваз шуд

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, бо судури як фармон полковник Мирзо Маҳмадиро сардори идораи зиндонҳои вилояти Суғд таъйин намуд. Иттилои мазкурро ба “Asia-Plus” Сироҷиддин Нуров, сардори шӯъбаи кадри Вазорати адлияи Тоҷикистон таъйид намуд. Тибки иттилои дастрасгардида, полковник Мирзо Маҳмадӣ дар ин мақом полковник Иброҳим Солеҳзодаро иваз намуд. Иброҳим Солеҳзода то барканориаш дар вазифаи сардори идораи […]

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, бо судури як фармон полковник Мирзо Маҳмадиро сардори идораи зиндонҳои вилояти Суғд таъйин намуд. Иттилои мазкурро ба “Asia-Plus” Сироҷиддин Нуров, сардори шӯъбаи кадри Вазорати адлияи Тоҷикистон таъйид намуд.

Тибки иттилои дастрасгардида, полковник Мирзо Маҳмадӣ дар ин мақом полковник Иброҳим Солеҳзодаро иваз намуд. Иброҳим Солеҳзода то барканориаш дар вазифаи сардори идораи зиндонҳои вилояти Суғд ҳудуди 10 сол кор кардааст.

Мирзо Маҳмадӣ бошад, то имрӯз дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ кор мекард.

Гуфта мешавад, ки сардори нави зиндонҳои вилояти Суғдро генерал Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия муаррифӣ намудааст.

Тағйироти кадрӣ дар сохтори зиндонҳои кишвар замоне сурат мегирад, ки чанде пештар расонаҳо дар бораи фирори як маҳбус аз боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе иттилоъ дода буданд. То ҳол тақдири ин маҳбус номаълум аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.