Ҷанги нави Озарбойҷону Арманистон. Ҳудуди 100 нафар кушта дар як рӯз

Бар асари даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳарбии Озарбойҷон ва Арманистон, ки шаби 12-ум ба 13-уми сентябр оғоз шуд, наздики 100 нафар ҷон доданд. Вазорати мудофиаи Озарбойҷон дар телеграм канали худ навишт, ки дар ҷараёни даргириҳо бо нерӯҳои арманитабор дар рӯзи гузашта 50 сарбозашро талаф додааст. Қаблан президенти Арманистон зимни суханронии худ дар парлумони кишвараш аз […]

Бар асари даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳарбии Озарбойҷон ва Арманистон, ки шаби 12-ум ба 13-уми сентябр оғоз шуд, наздики 100 нафар ҷон доданд.

Вазорати мудофиаи Озарбойҷон дар телеграм канали худ навишт, ки дар ҷараёни даргириҳо бо нерӯҳои арманитабор дар рӯзи гузашта 50 сарбозашро талаф додааст.

Қаблан президенти Арманистон зимни суханронии худ дар парлумони кишвараш аз кушта шудани 49 сарбози арманӣ иттилоъ дода буд.

Даргириҳои мусаллаҳона шаби 12-ум ба 13-уми сентябр оғоз гардида, ҷонибҳо ҳамдигарро барои вайрон кардани созиши оташбас ва иғвоангезӣ муттаҳам мекунанд.

Дар пайи оғози низои нав Арманистон ба Русия ва СААД (ОДКБ), ки Тоҷикистон низ аъзои он аст, муроҷиат карда, хостори кӯмак шуд. Русия аз ҳар ду ҷониб даъват кард, ки ба созиш оянд ва ихтилофро тариқи дипломатӣ ва гуфтушунид ҳал кунанд. Роҳбарияти СААД бошад, дар сомонаи расмии худ иттилоъ дод, ки нерӯҳои ин созмон ба ин муноқиша дахолат нахоҳанд кард, чун расман Озарбойҷон марзи аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътирофшудаи Арманистонро вайрон накардааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ихтилофи Озарбойҷон ва Арманистон сари масъалаи Қаробоғи Кӯҳи беш аз 30 сол шуд, ки идома дорад ва сари чанд вақт ба низоҳои мусаллаҳона мепечад.

Низои охир миёни Арманистон ва Озарбойҷон тирамоҳи соли 2020 ҷараён гирифт. Он замон ҳам ду кишвар бар сари минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ шаш ҳафта бо ҳам ҷангиданд. Даргирии тарафҳо бо миёнравии Русия ва бо созиши оташбас поён ёфт. Бино бар он, арманиҳо қаламравҳоеро, ки 30 соли ахир зери назорати худ доштанд, ба Озарбойҷон доданд. Бар асоси тавофуқ, неруҳои Русия оташбаси миёни Арманистону Озарбойҷонро назорат мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.