Ба наздикӣ ҳавои борониву хунукро дар Тоҷикистон интизор метавон шуд?

Субҳи ду рӯзи ахир нисбат ба рӯзҳои пешин ҳаво хунуктар буд. Ҳанӯз шабона ҳарорат то +13°C поин фаромада, рӯзона ҳамагӣ то +29°C гарм шуд. Сокинони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ хунукиро эҳсос намуданд. Дар Хуҷанд субҳ ҳарорат ҳамагӣ то 17 дараҷа гарм шуд. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, бо вуҷуди тамоили умумии поинравии ҳарорат, якбора […]

Галина Баламатова, Asia-Plus

Субҳи ду рӯзи ахир нисбат ба рӯзҳои пешин ҳаво хунуктар буд. Ҳанӯз шабона ҳарорат то +13°C поин фаромада, рӯзона ҳамагӣ то +29°C гарм шуд.

Сокинони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ хунукиро эҳсос намуданд. Дар Хуҷанд субҳ ҳарорат ҳамагӣ то 17 дараҷа гарм шуд.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, бо вуҷуди тамоили умумии поинравии ҳарорат, якбора ва базудӣ тағйирёбии обуҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ дар назар нест.

То охири ҳафта дар Душанбе ва навоҳии гирду атрофи он ҳарорат дар сатҳи маъмулӣ – +33 +35°C қарор хоҳад дошт. Нишондиҳандаи ҳарорат дар ин рӯзҳо дар Gismeteo +31…+32°C зикр шудааст.

Бо вуҷуди ин, ояндаи наздик боришот дар назар набуда, то охири ҳафта обуҳавои чангу ғуборолуд боқӣ мемонад.

Дар вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар низ ба ҳамин монанд обуҳаво пешгӯӣ шуда, дар шимоли кишвар, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд ҳарорат шабона ва субҳ 20-23 ва рӯзона то 30 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла шаҳри Хоруғ ҳарорат шабона 15 ва рӯзона то 28 дараҷа гарм мешавад, лекин дар ин ҷо ҳам ҳоло боришот дар назар нест.

Ин ҳафта шояд ҳафтаи охирини мавсими оббозӣ бошад. Дар ҷанубу ғарби кишвар ҳарорати мусоид то охири ҳафта боқӣ монда, аз ин рӯ, ин ҳафта метавонад охирин имкони шиноварӣ ва ҳатто офтобгирӣ бошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.