Таҳлилгарони БАОР поинравии нархҳоро дар Тоҷикистон пешгӯӣ мекунанд

Сиёсати Бонки ҷаҳонии Тоҷикистон (БМТ) ба баргардонидани сатҳи таваррум ба ҳудуди нишондиҳандаҳои ҳадафнок нигаронида шудааст, зикр мегардад дар Гузориши макроиқтисодии моҳи сентябри Бонки авруосиёии рушд (БАОР). Гуфта мешавад, болоравии нарх берун аз ҳудуди нишондиҳандаи ҳадафноки БМТ (6+/-2%) қарор дошта, мизони таваррум дар моҳи июн ва июли соли равон 8,3%-ро ташкил дод. Сабаби сатҳи баланди таваррум […]

Сиёсати Бонки ҷаҳонии Тоҷикистон (БМТ) ба баргардонидани сатҳи таваррум ба ҳудуди нишондиҳандаҳои ҳадафнок нигаронида шудааст, зикр мегардад дар Гузориши макроиқтисодии моҳи сентябри Бонки авруосиёии рушд (БАОР).

Гуфта мешавад, болоравии нарх берун аз ҳудуди нишондиҳандаи ҳадафноки БМТ (6+/-2%) қарор дошта, мизони таваррум дар моҳи июн ва июли соли равон 8,3%-ро ташкил дод. Сабаби сатҳи баланди таваррум болоравии нарх ба маҳсулоти хӯрокворӣ (9,7%), бахусус орд (38,6%), инчунин хидматрасонии нақлиёт (19,5%) маънидод мешавад.

“Метавон интизор шуд, ки ба эътидол омадани нархи ҷаҳонӣ ба маводи ғизоӣ ва нерӯи барқ ​​(ва дар натиҷа, сӯзишворӣ барои нақлиёт) ба коҳиши таваррум дар кишвар то охири сол мусоидат мекунад”, – тахмин мезананд коршиносони Бонк.

Дар гузориш хотиррасон мешавад, ки 22 августи соли равон БМТ меъёри бозтамвилро аз 13,25% то 13,50% боло бурд.

“Ин аз нияти БМТ ҷиҳати таъмини таъсири маҳдудкунандаи сиёсати пулию қарзӣ ба таваррум дар соли ҷорӣ гувоҳӣ медиҳад”, – хулоса мекунанд онҳо.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, мизони таваррум дар кишвар давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ 4,6%-ро ташкил дод, ки 0,3 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Аз ҷумла маводи ғизоӣ ба андозаи 7,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 2,6% қимат шуда, хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ баръакс – 0,9% арзон шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.