Пешниҳоди ба номи Дамирбек Олимов гузоштани мактаб

Маҷлиси вакилони Ҷамоати шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич пешниҳод кардаанд, ки Мактаби санъати бачагона дар ин ноҳия ба номи овозхони марҳум Дамирбек Олимов гузошта шавад. Дар ин бора Бобоҷон Зокиров, яке аз пайвандони овозхон ба “Asia-Plus” хабар дод. Ба гуфтаи Бобоҷон Зокиров, пешниҳоди мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Деваштич ирсол гардидааст. Ин манбаъи “Asia-Plus” […]

Asia-Plus

Маҷлиси вакилони Ҷамоати шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич пешниҳод кардаанд, ки Мактаби санъати бачагона дар ин ноҳия ба номи овозхони марҳум Дамирбек Олимов гузошта шавад. Дар ин бора Бобоҷон Зокиров, яке аз пайвандони овозхон ба “Asia-Plus” хабар дод.

Ба гуфтаи Бобоҷон Зокиров, пешниҳоди мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Деваштич ирсол гардидааст.

Ин манбаъи “Asia-Plus” гуфт,  дар назар аст, мактаби мазкур 11-уми октябр бо иштироки масъулини вазорати фарҳанг ва овозхонҳои шинохтаи кишвар ифтитоҳ гардад.

Ёдовар мешавем, ки овозхони маъруфи тоҷик Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли равон бар асари садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт. Ҷасади Дамирбек Олимовро зӯҳри ҳамон рӯз дар оромгоҳи Абубакри Сиддиқи ноҳияи Деваштич ба хок супориданд. Марҳум 33 сол дошт ва аз сарояндагони соҳибистеъдоди рӯз ба ҳисоб мерафт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.