Нурулло Алиев, аввалин тоҷики ба UFC роҳ ёфта, ба Душанбе баргашт

Нурулло Алиев, варзишгари тоҷик, ки дар мубориза барои дарёфти қарордод бо UFC варзишгари амрикоӣ Ҷош Викиро дар раунди якум шикаст дода буд, баъд аз зуҳри имрӯз, ба Душанбе баргашт. Нурулло Алиев дар он мусобиқа ғалабаи таърихӣ ба даст оварда, аввалин размикори тоҷикистонӣ дар ташкилоти UFC шуд.  Пас аз қувваозмоӣ Нурулло бо президенти амалкунандаи Ultimate Fighting […]

Нурулло Алиев, варзишгари тоҷик, ки дар мубориза барои дарёфти қарордод бо UFC варзишгари амрикоӣ Ҷош Викиро дар раунди якум шикаст дода буд, баъд аз зуҳри имрӯз, ба Душанбе баргашт.

Нурулло Алиев дар он мусобиқа ғалабаи таърихӣ ба даст оварда, аввалин размикори тоҷикистонӣ дар ташкилоти UFC шуд. 

Пас аз қувваозмоӣ Нурулло бо президенти амалкунандаи Ultimate Fighting Championship (UFC) Дейна Уайт суҳбат карда, изҳор дошт, ки аллакай баъди як ҳафта омода аст, ки дар UFC аввалин қувваозмоии худро баргузор намояд.

Нурулло Алиев соли 2000-ум дар Душанбе таваллуд шуда, соли 2021 размикори промоушени Fight Nights Global буд. Нурулло инчунин аввалин размикори тоҷик аст, ки бо яке аз ширкатҳои бузурги менеҷерӣ лар соҳаи МАА – First Round Management қарордод баст.

Алиев ҳунарнамоии касбии худро дар ММА соли 2018 оғоз намуда, дар якчанд мусобиқаҳои дохилӣ қувваозмоӣ кард. Қувваозмоии охирини худро ӯ моҳи сентябри соли гузашта доир намуда, бо қарори якдилонаи доварон пирӯз дониста шуд.

Нурулло Алиев, ки ӯро мухлисонаш “Уқоби тоҷик” низ меноманд 22 сол дошта, то имрӯз дар ташкилоти Fight Nights Global меҷангид. Уқоби Тоҷик” то имрӯз 6 бурд дошта, ягон бохт надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.