Саймумин Ятимов ва Рамазон Раҳимзода низомиёни маҷруҳшудаи даргириҳои марзиро аёдат карданд

Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ якҷо бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд сарбозону афсаронеро, ки дар даргириҳои ахири марзӣ захмӣ шуда буданд, аёдат намуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. Онҳо дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд сарбозону […]

Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ якҷо бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд сарбозону афсаронеро, ки дар даргириҳои ахири марзӣ захмӣ шуда буданд, аёдат намуданд.

Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Онҳо дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд сарбозону афсарони қисмҳои низомиро аёдат кардаанд.

Гуфта мешавад, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои табобати захмиён доруворӣ ва хӯроку маводи зарурӣ дастрас гардида, кормандони беҳтарини соҳаи тиб ҷалб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи Тоҷикистону Қирғизистон дар манотиқи сарҳатии баҳснок, даҳҳо нафар куштаву садҳо нафар захмӣ шуданд. Мақомоти расмии Тоҷикистон дар хусуси куштори 41 нафар иттилоъ медиҳанд, дар ҳоле, ки расонаҳо теъдоди кушташудагонро 74 нафар мегӯянд. Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафар иттилоъ медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.