50 000 сомонӣ барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи маҳбуси фирорӣ

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон барои ироаи иттилоъ дар бораи Аҳмадбек Саидов, маҳбуси фирорӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ ваъда кардааст. Дар ин бора аз сарраёсати мазкур ба “Asia-Plus” иттилоъ доданд. “Барои пешниҳоди маълумоте, ки ба боздошти ин маҳбуси фирорӣ мусоидат намояд, воқеан дар ҳаҷми 50 000 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ пешниҳод шудааст”, – гуфт манбаъи “Азия-Плюс”. […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон барои ироаи иттилоъ дар бораи Аҳмадбек Саидов, маҳбуси фирорӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ ваъда кардааст. Дар ин бора аз сарраёсати мазкур ба “Asia-Plus” иттилоъ доданд.

“Барои пешниҳоди маълумоте, ки ба боздошти ин маҳбуси фирорӣ мусоидат намояд, воқеан дар ҳаҷми 50 000 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ пешниҳод шудааст”, – гуфт манбаъи “Азия-Плюс”.

Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимои акси Аҳмадбек Саидов гардиш мехӯрад, ки дар поёни он эълони пардохти 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ироаи маълумот ва рақамҳои телефон гузошта шудааст.

Аҳмадбек Саидов, маҳбусе, ки шаби 18 ба 19-уми августи соли равон аз боздоштгоҳи №1-и Душанбе фирор кардааст, 35 сол дорад ва то ҳол дастгир нашудааст.

Дар хусуси ҷузъиёти фирори Аҳмадбек Саидов маълумоти муфассал дастрас нест ва аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ касе ҳозир нашуд, ки шароити фирори ин маҳбусро шарҳ диҳад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтшуда, як мақомдори Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе бо номи Идибек Муҳтоҷов, ба иттиҳоми даст доштан дар фирори маҳбус дастгир шудааст.

Ёдовар мешавем, Аҳмадбек Саидов дар оғози моҳи августи имсол дар қатори дувоздаҳ каси дигар аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда, ба “ҳамлаи ғоратгарона ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонӣ дар соли 2007 дар Данғара” муттаҳам аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.