«Алибобо ва 40 К» дар як канори Душанбе корхонаи истеҳсоли пиво ва тарабхона месозад

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ба ихтиёри ширкати “Алибобо ва 40 К” додани қитъаи замини масоҳаташ 6 гектар барои сохтмони корхонаи замонавии истеҳсоли маҳсулоти оби ҷав, нӯшокиҳои ташнашикани гуногунранг ва тарабхонаи брендӣ бо фурӯши маҳсулоти оби ҷав қарор ба имзо расонид. Қарори марбутаи ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудаааст, аз 31 […]

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ба ихтиёри ширкати “Алибобо ва 40 К” додани қитъаи замини масоҳаташ 6 гектар барои сохтмони корхонаи замонавии истеҳсоли маҳсулоти оби ҷав, нӯшокиҳои ташнашикани гуногунранг ва тарабхонаи брендӣ бо фурӯши маҳсулоти оби ҷав қарор ба имзо расонид.

Қарори марбутаи ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудаааст, аз 31 август қабул шудааст.

Гуфта мешавад, қитъаи замини 5,27 гектар корами обӣ ва 0,73 гектар дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашавандаро ширкати “Алибобо ва 40 К” ба истифодаи бемуҳлат бе ҳуқуқи бегонакунии ҳуқуқи истифодабарӣ мегирад.

Дар ин санад дастур дода шудааст, ки қитъаи замини мазкур аз КВД “Лучоб” дар қаламрави ноҳияи Варзоб гирифта шавад.

“Алибобо ва 40 К” уҳдадор мешавад, ки то гирифтани қитъаи замин товони зарари заминистифодабарандаро дар ҳаҷми пурра ҷуброн намояд.

Ҳамчунин ширкат бояд маблағи талафи вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиши кишоварзиро ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн намояд. Ҳаҷми ин маблағ 1 млн 276 ҳазору 932 сомонӣ (ҳудуди 130 ҳазор доллар) зикр шудааст.

Дар санад гуфта мешавад, қитъаи замини додашударо ширкат бояд бо тартиби муқарраргардида мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода кунад.

Аз манбаъҳои кушод дар бораи ширкати “Алибобо ва 40 К” ягон маълумот дарёфт нашуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.