Президент ба Турсунзода сафар кард

Имрӯз, 3-юми октябр, дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии «Ислом» ташриф оварда, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ оғоз бахшид. Дар ин бора хадамоти матбуоти президент иттилоъ тмедиҳад. Гуфта мешавад, ки хоҷагии деҳқонии «Ислом» дар деҳоти Ҷура Раҳмонов ҷойгир буда, соли 2000 аз ҷониби оилаи Бобохоновҳо таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 1,2 гектар […]

Asia-Plus

Имрӯз, 3-юми октябр, дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии «Ислом» ташриф оварда, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ оғоз бахшид. Дар ин бора хадамоти матбуоти президент иттилоъ тмедиҳад.

Гуфта мешавад, ки хоҷагии деҳқонии «Ислом» дар деҳоти Ҷура Раҳмонов ҷойгир буда, соли 2000 аз ҷониби оилаи Бобохоновҳо таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 1,2 гектар замин дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Ислом” шолипарварӣ буда, соли равон дар 0,60 гектар ин навъи зироат кишт карда шудааст.

“Дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар 0,60 гектар ғалла корида, 2,5 тонна ҳосил ба даст оварданд. Хоҷагидорон соли сипаришуда аз 0,60 гектар шолӣ беш аз 4 тонна биринҷи аълосифати навъи “лазер” рӯёнида буданд”, – минависад хадамоти матбуоти президент.

Таъкид мегардад, ки дар баробари шолипарварӣ саҳмдорон ҳамасола дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ шалғам, помидору бодиринг, сирпиёз, лаблабу, қаланфур ва кабудиҳо кишту парвариш ва истеҳсол намуда, ба фурӯш мебароранд. Ҳоло дар кишти такрорӣ дар 0,60 гектар карам ва 0,30 гектар бойимҷон кошта шудааст, ки аз он ҳосили баланд рӯёнида мешавад.

“Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ, саҳмдорон то имрӯз беш аз 8 тонна ҳосили бойимҷон ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод намуда, аз ин ҳисоб 80 ҳазор сомонӣ даромади иқтисодӣ ба даст овардаанд”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳамин тариқ, аҳли заҳмати хоҷагӣ ҳам дар кишти асосӣ ва ҳам дар кишти такрорӣ ҳар қитъа замини обиро босамар истифода намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва сабзавоту полезӣ машғул мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.