Маҳбуси фирорӣ боздошт гардид

Аҳмадбек Саидов, як зиндоние, ки моҳе қабл аз Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе фирор карда буд, боздошт шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дод. Манбаъ гуфт, маҳбуси фирорӣ субҳи имрӯз, 1-уми октябр, дастгир шуд ва ҳоло дар боздошт қарор дорад. Ӯ шарҳ надод, ки Аҳмадбек […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Аҳмадбек Саидов, як зиндоние, ки моҳе қабл аз Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе фирор карда буд, боздошт шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Манбаъ гуфт, маҳбуси фирорӣ субҳи имрӯз, 1-уми октябр, дастгир шуд ва ҳоло дар боздошт қарор дорад. Ӯ шарҳ надод, ки Аҳмадбек Саидов дар куҷо ва аз ҷониби кӣ боздошт шудааст, вале тасдиқ кард, ки мукофотпулии эъломшуда ба ӯ расонида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, "Parviz tv", як шабакае, ки бо пахши наворҳои нодири хеш машҳур аст, иттилоъ додааст, ки маҳбуси фирорӣ соати 10:05 дақиқаи имрӯз, 1-уми октябр, аз ҷониби як курсанти ВКД дар шаҳри Конибодом дастгир шудааст.

Гуфтан лозим аст, ки то ҳол шароити фирори ин маҳбус маълум нест, аммо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон барои ироаи иттилоъ дар бораи Аҳмадбек Саидов, маҳбуси фирорӣ, қаблан 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ваъда карда буд.

Ёдовар мешавем, ки Аҳмадбек Саидов, сокини ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониёни Хатлонро дар оғози моҳи августи имсол дар қатори дувоздаҳ каси дигар аз Русия ба Тоҷикистон истирдод карданд. Ӯ дар “ҳамлаи ғоратгарона ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонӣ дар соли 2007 дар Данғара” муттаҳам аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.