Ҳалокати 4 нафар дар садамаҳои нақлиётии марговар

Ифтихор Мирзоев, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри” дар роҳи Душанбе – Турсунзода духтари ноболиғро бо мошин зада, аввал аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад ва баъдан баргашта омадааст. Дар ин бора сомонаи ВКД иттилоъ медиҳад. Ин сомона менависад: “1-уми октябри соли 2022, тахминан соати 01:40, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри”, Мирзоев Ифтихор Бурихонович, соли таваллудаш 1992, сокини пойтахт, […]

Asia-Plus

Ифтихор Мирзоев, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри” дар роҳи Душанбе – Турсунзода духтари ноболиғро бо мошин зада, аввал аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад ва баъдан баргашта омадааст. Дар ин бора сомонаи ВКД иттилоъ медиҳад.

Ин сомона менависад: “1-уми октябри соли 2022, тахминан соати 01:40, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри”, Мирзоев Ифтихор Бурихонович, соли таваллудаш 1992, сокини пойтахт, зимни ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода, ба самти шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи “Турсунзода-Ҳисор-Душанбе” пиёдагарди ноболиғ, Мухторова Мунавара Аҳтамовна, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Ҳисор, ки аз канори рости роҳ, аз автомашинаи “Опел-Астра” аз тарафи чапаш фаромада, ҳангоми аз тарафи рости роҳ ба тарафи чапи роҳ давида гузаштанаш, ба қисми пеши автомашинаи мазкур бархӯрдааст”.

Гуфта мешавад, ки Мухторова М.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва дар ин ҳолат, ронанда Мирзоев И.Б. дар ҷойи ҳодиса наистода, кардааст ва баъд аз чанд лаҳза баргашта омадааст.

Ҳамчунин, ҳамон рӯз тахминан соати 21:20 ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», Фозилзода Ҳусейнҷони Сангалӣ, соли тавалудаш 1997, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеаи гузоштаи канори роҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа, мусофири дохили автомашина, Олимов Хайрулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри мазкур, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин тавр, 1-уми октябри соли 2022, тахминан соати 12:10 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Комилзода Бахтовари Файзулло, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар километри 23-юми роҳи мошингарди “Ваҳдат-Кӯлоб-Хоруғ”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби барқии канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина, Муъминов Шаҳзод Муҳаммадович, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамин шаҳр ва Раҷабов Нуриддин Шукруллоевич, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Хуросон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дар хабари ВКД гуфта мешавад, ки оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.