Сафорати Русия аз муҳоҷирон хост ба ҳар гуна хабарҳои нодуруст бовар накунанд

Сафорати Русия дар Душанбе бо нашри изҳорот аз хориҷиёни муқими Русия, аз ҷумла тоҷикон даъват кард, ки ба ҳар гуна маълумоти паҳншуда ва нодуруст дар бораи сафарбарии ҷузъӣ ба сафи артиши ин кишвар,бовар накунанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки хабарҳо оид ба ҷалби муҳоҷирон ба сафарбарии ҷузъӣ дар Русия асоси воқеӣ надорад ва муҳоҷирон набояд […]

Сафорати Русия дар Душанбе бо нашри изҳорот аз хориҷиёни муқими Русия, аз ҷумла тоҷикон даъват кард, ки ба ҳар гуна маълумоти паҳншуда ва нодуруст дар бораи сафарбарии ҷузъӣ ба сафи артиши ин кишвар,бовар накунанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки хабарҳо оид ба ҷалби муҳоҷирон ба сафарбарии ҷузъӣ дар Русия асоси воқеӣ надорад ва муҳоҷирон набояд ба он дода шаванд.

“Ин гуна маълумотҳо асоси воқеӣ надоранд ва ба хотири тира кардани муносибати Русия бо дигар давлатҳо паҳн карда мешаванд”, -гуфта мешавад дар изҳороти Сафорати Русия дар Душанбе.

Сафорат аз муҳоҷирони муқими Русия, аз ҷумла тоҷикон хоҳиш кардааст, ки “ба ҳар гуна иғво бовар накарда, танҳо ба маълумоти расмӣ эътимод намоянд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз эълони сафарбарии ҷузъӣ дар Русия оид ба ҷалби муҳоҷирон ба сафи артиши ин кишвар маълумотҳои зиддунақиз паҳн гардиданд. Пас аз ин сафоратҳои чандин кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нашри изҳорот аз шаҳрвандони худ даъват намуданд, ки аз иштирок дар муноқишаҳои низомӣ дар кишварҳои дигар худдорӣ кунанд, чун барои ин дар кишварҳои аслиаашон ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кард, ки ба ҷанг дар қаламрави давлати хориҷа нараванд ва дар сурати зарурат, ба сафорат, консулгариҳо ва намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.