Пас аз “мобилизатсия”-и Путин. Сафорат гуфт, ширкат дар ҷангҳои хориҷа ҷиноят аст

Дар пайи имзои амри Владимир Путин, раисҷумҳури Русия оид ба сафарбаркунии ҳайати захираҳои ҳарбӣ, ки он ба тоҷикони дорои душаҳрвандӣ (Тоҷикистон ва Русия) низ дахл дорад, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҷиноят аст. Дар изҳороти ин ниҳод, ки имрӯз, […]

Дар пайи имзои амри Владимир Путин, раисҷумҳури Русия оид ба сафарбаркунии ҳайати захираҳои ҳарбӣ, ки он ба тоҷикони дорои душаҳрвандӣ (Тоҷикистон ва Русия) низ дахл дорад, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҷиноят аст.

Дар изҳороти ин ниҳод, ки имрӯз, 22-уми сентябр, як рӯз пас аз имзои амри раисҷумҳури Русия нашр шуд, гуфта мешавад, ки “Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст”.

Ин ниҳод афзудааст, шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд ба сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат кунанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан сафоратҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла сафоратҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар Русия аз шаҳрвандони худ хоҳиш намуданд, ки аз иштирок дар муноқишаҳои давлатҳои дигар худдорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, Владимир Путин дар Русия қисман сафарбаркунии ҳайати захираҳои ҳарбиро эълон кард, ки тибқи он 300 ҳазор нафар ба сафи артиши ин кишвар ҷалб мегардад.

Дар баробари ин, Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро қабул кард, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бо адои хидмат дар сафи артишиин кишвар, дар як сол, бо тартиби соддакардашуда, шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд.

Дар робита ба ин, бино ба навиштаи сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Маскав, дар Маркази муҳоҷирати Сахарово барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмат дар сафи артиши Русия зерсохтори мукаммали мусоидати Вазорати мудофиа роҳандозӣ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.