Шаҳрвандии Русия дар як сол. Бо хатари кушта шудан дар Украина

Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки мувофиқи он бо як соли хидмат дар артиш шаҳрвандии ин кишварро соҳиб шудан мумкин аст. Дар ҳамин ҳол, хатари кушта шудан дар Украина низ зиёд аст. Русия камбуди низомиёнро барои ҷанг бо Украина эҳсос намуда, роҳу воситаҳои пур кардани сафҳои артиши худро ҷустуҷӯ дорад. Қаблан ВАО-и Русия зикр карда […]

Asia-Plus

Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки мувофиқи он бо як соли хидмат дар артиш шаҳрвандии ин кишварро соҳиб шудан мумкин аст. Дар ҳамин ҳол, хатари кушта шудан дар Украина низ зиёд аст.

Русия камбуди низомиёнро барои ҷанг бо Украина эҳсос намуда, роҳу воситаҳои пур кардани сафҳои артиши худро ҷустуҷӯ дорад. Қаблан ВАО-и Русия зикр карда буданд, ки барои эҳтиёҷоти “амалиёти махсуси ҳарбӣ” маҳкумшудагонро дар муассисаҳои ислоҳӣ ва зиндонҳои Русия сафарбар месозанд. Тибқи маълумоти гуногун, ба ин васила аллакай зиёда аз 5 ҳазор нафар маҳбусони ба ҷиноёти махсусан вазнин дастдошта, аз ҷумла куштору роҳзанӣ ба минтақаи амалиёти низомӣ сафарбар шудаанд.

21-уми сентябр мақомоти Русия “қисман сафарбарсозӣ”-и ҳайати захираҳои ҳарбиро эълон карданд, ки мувофиқи он, даъвати 300 ҳазор нафар ҳарбиёни ҳайати захираҳо пешбинӣ мешавад. Ин маърака аллакай оғоз гардида, вобаста ба ин дар ҷомеаи Русия оид ба оқибатҳои ин қарори В.Путин баҳсҳои зиёд ҷараён доранд.

Дар ҳамин ҳол, як рӯз пеш дар Русия ба хориҷиён пешниҳод намуданд, ки бо тартиби соддашуда шаҳрвандии Русияро гиранд. Барои ин онҳоро лозим аст, ки як сол дар сафи артиши Русия хидмати ҳарбӣ адо кунанд.

20-уми сентябр Думаи давлатии Русия чунин тағйиротро ба қонун қабул кард. Акнун “шаҳрвандони хориҷие, ки дар бораи хидмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар неруҳо ё воҳидҳои низомии Русия ба муҳлати на камтар аз 1 сол қарордод мебанданд”, шаҳрвандии Русияро бо тартиби соддашуда, бидуни зарурати доштани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) гирифта метавонанд.

Ғайр аз ин, дар тағйирот пешниҳод мешавад, ки муҳлати қарордоди аввали хидмати ҳарбӣ, ки бо шаҳрванди хориҷӣ барои хидмат дар рутбаҳои сарбоз, матрос, сержант ва старшина баста мешавад, аз 5 то ба 1 сол кам карда шавад.

Ба иттилои торнамои раиси шаҳри Маскав, дар Маркази муҳоҷирати Сахарово барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмат дар сафи артиши Русия зерсохтори мукаммали мусоидати Вазорати мудофиа роҳандозӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон Маркази муҳоҷирати Сахарово дар як шабонарӯз ҳудуди 5 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷиро қабул карда метавонад.

Қурбони вазъият нашавед

Шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия борҳо огоҳ шуданд, ки аз иштирок дар амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ даст кашанд, зеро дар Тоҷикистон барои ин амал ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳанӯз моҳи март дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоии даъвати муҳоҷирон ба имзои қарордод ҷиҳати хидмат дар сафҳои артиши Русия ва гирифтани шаҳрвандии Русия пас аз 3 моҳ пайдо шуданд.

Он замон ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик зимни муроҷиат ба муҳоҷирон дар Русия ҳушдор дода буд, ки қурбони вазъият дар Украина нашаванд.

“Муҳоҷирони азиз! Вазъият дар Русия ниҳоят бад аст ва шумо метавонед қурбонии аввалини он шавед. Ҳоло бисёре аз қаллобон кӯшиш мекунанд, ки аз ҳисоби шумо, соддалавҳиатон ва бе муҳофизат буданатон пул кор кунанд. Наворҳои комилан бардурӯғе нашр мешаванд, ки гӯё барои имзои қарордод дар артиши Русия баъд аз 3 моҳ ба шумо шаҳрвандӣ дода мешавад. Ин дурӯғ аст”, – навишта буд ӯ.

Дар идома ҳомии ҳуқуқ зикр карда буд, ки мувофиқи лоиҳаи қонун дар бораи шаҳрвандӣ, ки ба Дума пешниҳоду лекин ҳоло қабул нашудааст, аризаи дорандагони Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) барои гирифтани шаҳрвандии Русия, ки тибқи қарордод дар артиши Русия хидмат мекунанд, бояд дар муддати 3 моҳ баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ин барои гирифтани шаҳрвандии Русия асос шуда наметавонад, балки кам шудани муҳлати он барои дорандагони Ҳуҷҷати иҷозаи зист аст. “Ва он ҳам хеле шубҳанок ба назар мерасад – волидону фарзандони русиягиҳо бояд дар 3 моҳ шаҳрвандӣ гиранд, вале 1 сол ва аз он ҳам зиёдтар мунтазир мешаванд”, – чунин мешуморад Чупик.

“Ба иғвоҳо дода шуда, худро фиреб надиҳед. Ин ҷанги шумо нест. Агар дар Русия кор бошад, кор кунеду маошатонро саривақт талаб намоед, аз ҳуқуқҳоятон бо роҳҳои қонунӣ ҳимоят кунед. Агар кори хуб набошад, ба дигар кишварҳо равед ё ба ватан баргардед”, – навишта буд ҳомии ҳуқуқ.

Акнун гирифтани шаҳрвандии Русия бо як соли хидмати ҳарбӣ ба воқеият табдил ёфт. Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақаи хавф қарор гирифтанд. Аксарияти онҳо, ки забони русиро намедонанду ба воқеаҳо дуруст сарфаҳм намераванд, метавонанд фирефтаи ин даъватҳо шаванд ё зери фишори миёнаравон қарор гирифта, худро ба сафи артиш номнавис кунанд ва ба ҷанг дар Украина бипайванданд. Дар ҳамин ҳол, хатари ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина низ зиёд аст…

“Азия-Плюс” бар ин назар аст, ки мақомоти Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи моро зарур аст, ки таъҷилан байни муҳоҷирон ва шаҳрвандони Тоҷикистони озими сафар ба Русия тадбирҳои иттилоотиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамаи оқибатҳои имконпазири гирифтани шаҳрвандии Русияро бо тартиби соддашуда шарҳу тавзеҳ диҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.