“Ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон мекунанд”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳорот дар АМИТ “Ховар” аз идомаёбии амалҳои вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “амалҳои сершумори вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки аз қаламрави Қирғизистон парвоз мекунанд, идома доранд”. “21 сентябр, аз соати 19:14 то […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳорот дар АМИТ “Ховар” аз идомаёбии амалҳои вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “амалҳои сершумори вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки аз қаламрави Қирғизистон парвоз мекунанд, идома доранд”.

“21 сентябр, аз соати 19:14 то соати 22:46 парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар болои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Рашт ва Мурғоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида карда шуд. Дар посгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон «Росровут», «Муряк» ва «Нуробод» низ ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон мушоҳида гардиданд”, – гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ.

ВКХ Тоҷикистон “чунин амалҳои иғвоангезонаи ҷониби Қирғизистонро дағалона вайрон кардани тамоми созишҳо ва таҷовуз ба қаламрави давлати соҳибистиқлол” номида, аз ҷониби Қирғизистон талаб намудааст, ки “фавран вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъ кунад”.

“Дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон вазъро ҳамчун омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон арзёбӣ менамояд, ки масъулияти он бар дӯши ҷониби Қирғизистон вогузор хоҳад шуд», – гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ.

Ёдовар мешавад, ки ин изҳороти дуввуми ВКХ Тоҷикистон оид ба вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон мебошад. Дирӯз, 21-уми сентябр низ ВКХ Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз назарфиребиҳои ҷониби Қирғизистон дар робита ба берун кашидани нерӯҳои ҳарбӣ ва техникаи вазнини ҷангӣ аз минтақаҳои сарҳадӣ ва вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон изҳори нигаронӣ карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.