Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои узви СААД таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистонро маҳкум кард

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҳошияи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Ню-Йорк бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мулоқот карда, доир ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон маълумоти муфассал додааст. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҳошияи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Ню-Йорк бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мулоқот карда, доир ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон маълумоти муфассал додааст. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ин амали кишвари Қирғизистонро ҳамчун нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳукуқи байналмилалӣ маҳкум намудааст.

Зимни мулоқоти ғайрирасмӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД гуфтааст, “таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳукуқи байналмилалист ва онро маҳкум мекунем”.

Ҳамчунин, зимни ин мулоқот, вазирони корҳои хориҷӣ аҳамияти қабули қатъномаи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Ҳамкорӣ миёни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ”-ро, ки ба амиқтар шудани ҳамкории созмонҳо мусоидат мекунад, зикр намуданд.

Ёдовар мешавем, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои иштирок дар иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ ба Ню-Йорк сафар кардааст. Интизор меравад, ки Сироҷиддин Муҳриддин мавқеъ ва диди Тоҷикистонро оид ба мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз минбари СММ ироа кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.