“Фирефта нашавед”. Муроҷиати ҳомии ҳуқуқ ба муҳоҷироне, ки ба Украина ба ҷанг рафтан мехоҳанд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик ба муҳоҷирон дар Русия муроҷиат намуд, то ки онҳо қурбони вазъ дар Украина нашаванд. Муроҷиати Валентина Чупик дар гуруҳи “Мы, мигранты” (Мо, муҳоҷирон) дар Facebook рӯзи 2 март нашр шуд.

“Муҳоҷирони азиз! Вазъият дар Русия ниҳоят бад аст ва шумо метавонед қурбонии аввалини он шавед. Ҳоло бисёре аз ҳама гуна қаллобон кӯшиш мекунанд, ки аз ҳисоби шумо, соддалавҳиатон ва бе муҳофизат буданатон пул кор кунанд. Масалан, Баҳром Исмоилов, як дӯсти наздики муҳоҷирбадбин (мигрантофоб) Жириновский ва худаш ҳам ба ӯ хеле монанд, як навори видеои комилан бардурӯғ нашр кард, ки гӯиё барои имзои қарордод дар артиши Русия баъд аз 3 моҳ ба шумо шаҳрвандӣ дода мешавад. Ин дурӯғ аст”, – менависад вай.

Дар идома ҳомии ҳуқуқ зикр мекунад, ки мувофиқи лоиҳаи қонун дар бораи шаҳрвандӣ, ки ба Дума пешниҳоду лекин ҳоло қабул нашудааст, аризаи дорандагони Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) барои гирифтани шаҳрвандии Русия, ки тибқи қарордод дар артиши Русия хидмат мекунанд, бояд дар муддати 3 моҳ баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ин барои гирифтани шаҳрвандии Русия асос шуда наметавонад, балки кам шудани муҳлати он барои дорандагони Ҳуҷҷати иҷозаи зист аст. “Ва он ҳам хеле шубҳанок ба назар мерасад – волидону фарзандони русиягиҳо бояд дар 3 моҳ шаҳрвандӣ гиранд, вале 1 сол ва аз он ҳам зиёдтар мунтазир мешаванд”, – чунин мешуморад Чупик.

Ӯ таъкид мекунад, ки “аллакай муҳоҷироне ҳастанд, ки ба ин дурӯғ бовар кардаанд. Ин ҷинояти зархаридӣ ва ҷалби зархаридон аст, ки барои он ҳам ба ҷалбкунанда ва ҳам ба зархарид – аз 5 то 20 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст”.

«Ба иғвоҳо дода шуда, худро фиреб надиҳед. Ин ҷанги шумо нест. Агар дар Русия кор бошад, кор кунеду маошатонро саривақт талаб намоед, аз ҳуқуқҳоятон бо роҳҳои қонунӣ ҳимоят кунед. Агар кори хуб набошад, ба дигар кишварҳо равед ё ба ватан баргардед. Қурби рубл поин рафта, барои муддати тӯлонӣ ба сатҳи қаблии худ барнамегардад”, – навиштааст ҳомии ҳуқуқ.

Дар поёни муроҷиат вай пешгӯӣ мекунад, ки дар Русия кор ва ҳатто пул ҳам камтар шуда, қаллобӣ бо маош, ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон бештар мешавад.

“Розӣ шудам, то ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кунам”

Дар ҳамин ҳол бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, як муҳоҷир аз вилояти Фарғонаи Узбекистон 25-уми феврал бо нашри видеое дар Интернет хабар додааст, ки тавассути мошинҳои боркаши Вазорати дифои Русия ба шарқи Украина (Луҳанск) рафта, ҳоло дар ҳудуди Донбасс қарор дорад.

Ӯ гуфтааст, бар асоси қарордод ба муҳлати се моҳ барои низомиёни рус ронандагӣ мекунад. Ӯ пинҳон надоштааст, ки бар ивази дарёфти шаҳрвандии Русия, хона ва маоши хуб мегирад. Моҳонаи вайро 50 ҳазор рубли русӣ (ҳудуди 590 доллар) муайян кардаанд.

Мақомоти расмии Ӯзбекистон то ҳол муроҷиати видеоии ин шаҳрвандро шарҳ надодаанд. Дар сафорати Русия дар Ӯзбекистон гуфтанд, ин хабар ва шахсияти мардро хоҳанд омӯхт.

Қонунгузорӣ

Қонунгузории Ӯзбекистон ба шаҳрвандони ин кишвар иҷозат намедиҳад, ки дар сафи артиши давлати хориҷӣ хидмат кунанд ё бар асоси қарордод ба ҳайси зархарид ифои вазифа намоянд.

Дар моддаи 401 “Зархаридӣ” ва моддаи 401 (1) “Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба муҳлати аз 12 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки тибқи қонунгузориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла моддаи 47 (1) (2) Конвенсияи Женева, ки соли 1977 қабул шудааст, истифодаи зархаридон барои истифодаи зӯр ба муқобили давлати дигар манъ гардида, дар ин самт ҷавобгариро пешбинӣ намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...