Сафорати Тоҷикистон: Хабарҳо дар бораи ҷалби муҳоҷирон ба хизмати ҳарбӣ дар Русия дурӯғ аст

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кард, ки ба хабарҳо дар робита ба даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Русия бовар накунанд ва танҳо ба маълумоти расмӣ таваҷҷуҳ намоянд. Ин ниҳод, бо нашри як изҳорот дар саҳифаи расмият дар Фейсбук навиштааст, "Сафорати  Тоҷикистон дар Русия аз ҳамватанон даъват ба амал меорад, ки […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кард, ки ба хабарҳо дар робита ба даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Русия бовар накунанд ва танҳо ба маълумоти расмӣ таваҷҷуҳ намоянд.

Ин ниҳод, бо нашри як изҳорот дар саҳифаи расмият дар Фейсбук навиштааст, "Сафорати  Тоҷикистон дар Русия аз ҳамватанон даъват ба амал меорад, ки ба маълумоти бардурӯғ ва беасос вобаста ба даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Русия, аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, ки аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои иғвоангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, дода нашаванд ва танҳо ба маълумоти расмӣ таваҷҷуҳ намоянд".

Ёдовар мешавем, ки ду рӯз пештар, сафорати Русия дар Душанбе ҳам бо нашри изҳорот аз хориҷиёни муқими Русия, аз ҷумла тоҷикон даъват кард, ки ба ҳар гуна маълумоти паҳншуда ва нодуруст дар бораи сафарбарии ҷузъӣ ба сафи артиши ин кишвар бовар накунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.