“Коҳиши фарҳанги сиёсӣ ва одоби дипломатӣ”. ВКХ ба Сафири Қирғизистон нота супорид

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми октябр, дар робита ба шарҳи Чингиз Кустебоев, сардори хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистон ба Эрлан Абдилдаев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКХ-и Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар нотаи ВКХ гуфта шудааст, ки чунин изҳороти беасоси сардори хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистонро […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми октябр, дар робита ба шарҳи Чингиз Кустебоев, сардори хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистон ба Эрлан Абдилдаев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКХ-и Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар нотаи ВКХ гуфта шудааст, ки чунин изҳороти беасоси сардори хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистонро далели аз байн рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани одоби оддии дипломатӣ медонад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “изҳори назари сардори хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистон кӯшиши бесарусомонӣ барои таҳмили ақидаи бардурӯғ дар бораи сабабҳои аслии таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон ба афкори умум мебошад”.

Ин ниҳод гуфтааст, ки чунин изҳороти риёкорона ба рӯҳ ва ҳарфи протоколҳое, ки ҷонибҳо рӯзҳои 19 ва 25-уми сентябри соли ҷорӣ имзо карда буданд, мувофиқат намекунад.

Гуфтан лозим аст, ки қаблан Чингиз Кустебоев, сардори хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистон дар робита ба тақдими ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3 ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин андешаашро эътирозомез дар саҳифаи фейсбукаш баён дошт. Ӯро дар пасманзари низоъ дар сарҳад бо орден сарфароз кардани президенти Тоҷикистон нигарон кардааст.

Баъдан сухангӯи ВКХ-и Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ низ ба ин навиштаи ҳамтои қирғизаш вокуниш кард ва дар ҷавоб навишт, ки чунин баёнияҳо “ғайри қобили қабул ва мухолиф ба принсипҳои одоби дипломатӣ” буда, “нишони дағалона вайрон кардани созиши ҳосилшуда” миёни ду кишвар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад миёни ду кишвар баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.

Пас аз имзои созиши ду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад ва ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои ҷойдошта, мансабдорони Қирғизистон ба истифодаи суханҳои иғвоангез нисбати Тоҷикистон идома медиҳанд, ки чандин маротиба боиси нигаронии ҷониби Тоҷикистон шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.