Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон як навиштаи эътирозомези сухангӯи ВКХ-и Қирғизистонро оид ба додани орден ба Эмомалӣ Раҳмон “ғайри қобили қабул ва мухолиф ба принсипҳои одоби дипломатӣ” унвон карда, таъкид намудааст, ки ин “нишони дағалона вайрон кардани созиши ҳосилшуда” миёни ду кишвар мебошад.
Ин навиштаи Шоҳин Самадӣ дар посух ба навиштаи сухангӯи ВКХ-и Қирғизистон аст, ки чанде пештар дар саҳифаи шахсиаш интишор намуд. Сухангӯи ВКХ-и Қирғизистон дар робита ба тақдими ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3 ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин андешаашро эътирозомез дар саҳифаи фейсбукаш баён дошт. Ӯро дар пасманзари низоъ дар сарҳад бо орден сарфароз кардани президенти Тоҷикистон нигарон кардааст.
Шоҳин Самадӣ дар посухи худ навиштааст, ки новобаста ба “имзои созишнома дар хусуси роҳ надодан ба суханҳои иғвоангез ва айбдоркунии якҷониба дар фазои иттилоотӣ, мансабдорони қирғиз ба ибрози суханҳои иғвоангези худ идома медиҳанд ва мехоҳанд бо ин роҳ хол ба даст оранд”.
Ӯ ҳамчунин, таъкид намудааст, ки ВКХ-и Тоҷикистон нияти шарҳи назар ва амалҳои роҳбарияти Қирғизистонро надорад, чун ҷонибдорӣ ҳалли мусолиҳатомези дилхоҳ муноқиша мебошад.
Сухангӯи ВКХ-и Тоҷикистон бо муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, зикр кардааст, ки пас аз таҷовузи мусаллаҳона бар хоки Тоҷикистон, ҳамчунин, бо мақсади пинҳон намудани амалҳои ҷиноятии хеш, мақомоти Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон маъракаи васеъи иттилоотиро роҳандозӣ намуданд, ки то ҳол идома дорад.
“Таззод ин аст, ки мақомоти Қирғизистон бо муаррифии кишвари худ ба унвони “ҷазираи демократия” ва озодии баён дар Осиёи Марказӣ дастрасӣ ба хабарҳо ва манобеъи давлатии Тоҷикистонро маҳдуд кардааст”, – менависад Шоҳин Самадӣ.
Ҳамчунин, ӯ аз фишору таъқиби намояндагони ВАО-и Қирғизистон, ки мавқеи Тоҷикистонро воқеъбинона пӯшиш медоданд, низ ибрози нигаронӣ кардааст.
“Бар зидди ҳайати таҳририяи сомонаи мустақили интернетии “Kaktus.media” барои нашри "маълумоти нодуруст" дар бораи муноқиша дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд, аммо созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аз озодии баён ва расонаҳои хабарӣ дар Қирғизистон дифоъ накарданд”, – бо таассуф зикр намудааст Шоҳин Самадӣ.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад миёни ду кишвар баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.
Пас аз имзои созиши ду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад ва ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои ҷойдошта, мансабдорони Қирғизистон ба истифодаи суханҳои иғвоангез нисбати Тоҷикистон идома медиҳанд, ки чандин маротиба боиси нигаронии ҷониби Тоҷикистон шуд.