Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо Владимир Кухаров, раиси шаҳри Минск вохӯрӣ анҷом дод.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Беларус мавриди музокирот қарор дода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси шаҳри Душанбе.
"Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки шаҳрҳои Минск ва Душанбе дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд." – афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад ҷонибҳо омодагии худро барои рушду густариши бештари ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ҳарду ҷониб ва миёни Душанбе ва Минск дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг низ таъкид намуданд.


