Як моҳ пас аз низоъ дар марз 70 сарбози КҲФ ба Исфара рафтанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади сари вақт иҷро намудани бартарафсозии зарарҳои дар пайи таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон расида, ҳудуди 70 сарбозу афсарашро ба шаҳри Исфара сафарбар кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти КҲФ-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ба гуфтаи КҲФ, дар деҳаҳои харобшуда барқарорсозии хона ва дигар инфрасохторҳо босуръат идома доранд ва таъмири хонаҳои […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади сари вақт иҷро намудани бартарафсозии зарарҳои дар пайи таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон расида, ҳудуди 70 сарбозу афсарашро ба шаҳри Исфара сафарбар кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти КҲФ-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба гуфтаи КҲФ, дар деҳаҳои харобшуда барқарорсозии хона ва дигар инфрасохторҳо босуръат идома доранд ва таъмири хонаҳои қисман харобшуда дар арафаи анҷомёбӣ аст.

КҲФ менависад, хонаҳои пурра валангаршуда то нимаи моҳи ноябр аз нав бунёд хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Музаффар Юсуфзода, сухангӯи раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфта буд, “барои шаҳрвандони зарардида то ибтидои моҳи ноябр хонаҳои истиқоматӣ аз нав бунёд карда мешаванд”.

Ба гуфтаи Музаффар Юсуфзода, раиси вилояти Суғд низ барои тақвияти корҳои барқарорсозӣ ва бунёди ҳарчи зудтари манзилҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода буд.

Ҳамин тавр, чанд рӯзи пеш аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳам ба таври ихтиёрӣ барои кӯмак ба бинокорон ба Исфара рафта буданд.

КҲФ низ мегӯяд, ки комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии таъсисёфта дар маҳалҳо шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Ин ниҳод афзудааст, ба аҳолии осебдида маводи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ низ расонида шуд.

“Барои барқарорсозӣ беш аз 1,5 ҳазор тонна семент, 1,5 метри мукааб чӯбу тахта, 24,4 ҳазор дона шифер, 406 тонна арматура ҷудо карда шуд”, – хабар медиҳад КҲФ.

Ҳамзамон,  ба сокинони осебдидаи маҳаллӣ 30 тонна орд, 15 тонна биринҷ, 6 тонна шакар, 6 тонна макарон ва 9 ҳазор литр равғани растанӣ ҷудо гардидааст.

Бояд гуфт, пас аз 20 рӯзи даргириҳо дар марз ҷониби Тоҷикистон аз комилан хароб шудани 85 хона ва осебпазир гардидани бештар аз 180 оила дар даргириҳо хабар дода буд.

Ёдовар мешавем, ки таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон аз14 то 18-уми сентябр идома кард ва дар пайи ин муноқишаҳо бештар аз 80 нафар бо шумули афсарону занону кӯдакон ҷон бохтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.