Як моҳ пас аз низоъ дар марз 70 сарбози КҲФ ба Исфара рафтанд

Date:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади сари вақт иҷро намудани бартарафсозии зарарҳои дар пайи таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон расида, ҳудуди 70 сарбозу афсарашро ба шаҳри Исфара сафарбар кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти КҲФ-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба гуфтаи КҲФ, дар деҳаҳои харобшуда барқарорсозии хона ва дигар инфрасохторҳо босуръат идома доранд ва таъмири хонаҳои қисман харобшуда дар арафаи анҷомёбӣ аст.

КҲФ менависад, хонаҳои пурра валангаршуда то нимаи моҳи ноябр аз нав бунёд хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Музаффар Юсуфзода, сухангӯи раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфта буд, “барои шаҳрвандони зарардида то ибтидои моҳи ноябр хонаҳои истиқоматӣ аз нав бунёд карда мешаванд”.

Ба гуфтаи Музаффар Юсуфзода, раиси вилояти Суғд низ барои тақвияти корҳои барқарорсозӣ ва бунёди ҳарчи зудтари манзилҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода буд.

Ҳамин тавр, чанд рӯзи пеш аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳам ба таври ихтиёрӣ барои кӯмак ба бинокорон ба Исфара рафта буданд.

КҲФ низ мегӯяд, ки комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии таъсисёфта дар маҳалҳо шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Ин ниҳод афзудааст, ба аҳолии осебдида маводи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ низ расонида шуд.

“Барои барқарорсозӣ беш аз 1,5 ҳазор тонна семент, 1,5 метри мукааб чӯбу тахта, 24,4 ҳазор дона шифер, 406 тонна арматура ҷудо карда шуд”, – хабар медиҳад КҲФ.

Ҳамзамон,  ба сокинони осебдидаи маҳаллӣ 30 тонна орд, 15 тонна биринҷ, 6 тонна шакар, 6 тонна макарон ва 9 ҳазор литр равғани растанӣ ҷудо гардидааст.

Бояд гуфт, пас аз 20 рӯзи даргириҳо дар марз ҷониби Тоҷикистон аз комилан хароб шудани 85 хона ва осебпазир гардидани бештар аз 180 оила дар даргириҳо хабар дода буд.

Ёдовар мешавем, ки таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон аз14 то 18-уми сентябр идома кард ва дар пайи ин муноқишаҳо бештар аз 80 нафар бо шумули афсарону занону кӯдакон ҷон бохтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...