Дар Тоҷикистон котибот ва сомонаи зиддитерроризм таъсис меёбад

Дар Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 Котибот ташкил карда шуда, ҳамчунин, барои инъикоси он пойгоҳи махсус фаъол мешавад. Дар ин бора Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик дар “Телеграм-канал”-аш навиштааст. Ба навиштаи ӯ имрӯз, 12-уми октябр, таҳти сарпарастии Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 Котибот ташкил карда шуда, ҳамчунин, барои инъикоси он пойгоҳи махсус фаъол мешавад.

Дар ин бора Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик дар “Телеграм-канал”-аш навиштааст.

Ба навиштаи ӯ имрӯз, 12-уми октябр, таҳти сарпарастии Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ҳаштумин Ҷаласаи ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид.

Ризоён афзуд, хабари муҳими ҷаласаи имрӯза, таъсиси Котиботи татбиқи Стратегия ва сомонаи махсус оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм (сомонаи иттилоотӣ-таҳлилӣ) мебошад.

Ба таъкиди вай, яке аз ҳадафҳои Котибот “ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ” ба татбиқи Стратегия аст.

“Амалигардонии  ин  Стратегия масъалаҳои арзёбии чолишҳо ва таҳдидҳои марбут ба ифротгароӣ ва терроризм бо дарназардошти вазъи кунунии Афғонистон, ҳамоҳангсозии талошҳои тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус ҷомеаи шаҳрвандиро муҳим мегардонад.

Зимни баррасии масъала пешниҳод шуд, ки дар доираи фаъолияти Котибот бо созмонҳои ҷамъиятӣ (онҳое, ки дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм кор мекунанд, мутаассифона шумораи онҳо чандон зиёд нест) вохӯрии алоҳида баргузор карда шавад”, – навиштааст Шералӣ Ризоён.

Номбурда дар заминаи ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешниҳод кардааст, ки дар доираи Котибот мулоқотҳои алоҳида бо намояндагони ҷомеаҳои коршиносӣ ва журналистӣ оид ба инъикоси мушкилоти экстремизм ва терроризм баргузор карда шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, агар ин таклифҳо ба назар гирифта, амалӣ шаванд, мо дар ин самт таҷрибаи нодири миллӣ хоҳем дошт.

Ёдовар мешавем, ки 1-уми июни соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро тасдиқ карда буд.

Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.