Нақшаи даъват ба артиш беш аз 50% иҷро шудааст

Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, дар 10 рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбӣ, шаҳру ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш, Ҳисор, Данғараву Вахш ва ҳамаи шаҳру навоҳии ВМКБ нақшаи даъват ба артишро пурра иҷро кардаанд. Ин ниҳод […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, дар 10 рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбӣ, шаҳру ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш, Ҳисор, Данғараву Вахш ва ҳамаи шаҳру навоҳии ВМКБ нақшаи даъват ба артишро пурра иҷро кардаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, то имрӯз, иҷрои нақшаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 62 дарсад иҷро шудааст.

Ҳамин тариқ, нақшаро вилояти Хатлон 51 дарсад, вилояти Суғд 38  дарсад ва шаҳри Душанбе 48 дарсад иҷро кардаанд.

“Умуман, аз якуми октябри соли равон даъвати тирамоҳии шаҳрвандони ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 50,2 фоизро дар бар мегирад”, – навиштааст Вазорати дифоъ.

Мақомот иҷрои нақшаи барвақтии даъват ба артишро ба афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, бамаротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии дар рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш шудани нақша мебошад.

Беш аз 50 дарсад иҷро шудани нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар дар ҳолест, ки қабл аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба зердастони худ муроҷиат карда, таъкид намуд, ки аз даъвати иҷборӣ худдорӣ кунанд ва бештар фарзандони мансабдоронро ба сафи артиш ҷалб намоянд.

Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зинаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.