Барномаи нави мубориза бо терроризм дар давлатҳои ИДМ

Роҳбарони кишварҳои ИДМ дар нишасти рӯзи 14-уми октябр дар Остона тасмим доранд, барномаи нави мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2023-2025-ро ба тасвиб расонанд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия хабар медиҳад. Юрий Ушаков гуфтааст, ки дар пайи натоиҷи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ҳамчунин, тасмим дар бораи дарёфти […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Роҳбарони кишварҳои ИДМ дар нишасти рӯзи 14-уми октябр дар Остона тасмим доранд, барномаи нави мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2023-2025-ро ба тасвиб расонанд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия хабар медиҳад.

Юрий Ушаков гуфтааст, ки дар пайи натоиҷи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ҳамчунин, тасмим дар бораи дарёфти мақоми нозири Иттиҳод дар СААД тасмим гирифта мешавад.

“Илова бар ин, қарор аст, созишнома дар бораи ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо коррупсия имзо шавад”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ушаков гуфтааст, “имзои созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои машваратии раҳбарони ниҳодҳои интихоботии кишварҳои узви ИДМ дар назар аст”.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ёвари раисиҷумҳури Русия, тақрибан 17-18 санад барои имзо омода мешавад. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки роҳбарон онҳоро тасдиқ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 12-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони ИДМ ба Остона сафар кард.

Ва имрӯз ӯ дар нишасти шашуми Шӯрои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки субҳи имрӯз дар пойтахти Қазоқистон ифтитоҳ ёфт, ширкат мекунад.

Дар он ҳамчунин сарони 11 давлат: Озарбойҷон, Ироқ, Эрон, Қатар, Қирғизистон, Фаластин, Русия, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.