Хатнаи ройгони беш аз 74 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон

Date:

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 74 ҳазору 718 нафар кӯдак ройгон хатна карда шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ба ҳолати имрӯза дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи ройгони кӯдакон фаъолият мекунад.

Ташкил гардидани ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ва гузаронидани амалиёти хатна ба таври ройгон, зери фаъолияти  Вазорати тандурустӣ ба роҳ монда шудааст.

Соли 2017 ба қонуни Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва расму ойинҳо тағйирот ворид шуд, ки бар асоси он хатнасури писарон пас аз таваллуд, дар синни то 20-рӯза ва ҳатмӣ дар беморхона анҷом дода шавад.

Қаблан дар минтақаҳои гуногуни кишвар хатнаи кӯдакон дар синни томактабӣ низ анҷом мешуд ва он дар хона бо даъвати меҳмонон ва иштироки ҳунармандон баргузор мегардид.

Аз 1-уми январи соли 2019 дар Тоҷикистон комилан хатнасури писарон дар хона аз ҷониби табибони халқӣ манъ карда шуд.

Қаблан намояндагони Вазорати тандурустӣ нигаронӣ намуда буданд, ки волидоне ҳастанд, ки хатнасурро дар хона ва ин маросимро табибони мардумӣ анҷом медиҳанд, ки боиси оқибатҳои пешгӯинашаванда, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...