Беш аз 300 паноҳҷӯи афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба Канада интиқол ёфтаанд

Паноҳҷӯёни афғонистонӣ бо се парвози вижа аз Тоҷикистон ба Канада интиқол дода шуданд, ки теъдоди онҳо бештар аз 300 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора, Абдумусаввир Баҳодурӣ, сардори Намояндагии муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки ин теъдод паноҳҷӯёни афғонистонӣ санаи 14 ва 20-уми сентябр ва 12-уми октябр аз фурудгоҳи Душанбе […]

Манзумаи Фирӯз, Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Паноҳҷӯёни афғонистонӣ бо се парвози вижа аз Тоҷикистон ба Канада интиқол дода шуданд, ки теъдоди онҳо бештар аз 300 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора, Абдумусаввир Баҳодурӣ, сардори Намояндагии муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки ин теъдод паноҳҷӯёни афғонистонӣ санаи 14 ва 20-уми сентябр ва 12-уми октябр аз фурудгоҳи Душанбе парвоз карданд ва дар назар аст, ки то моҳи декабри соли равон боз теъдоде аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба Канада интиқол дода шаванд.

Дар ҳамин ҳол, бахши дарии сомонаи «Pars Today» бо истинод ба  вазири муҳоҷирати Канада Шон Фрейзер теъдоди дақиқи паноҳҷӯёни интиқолёфтаро 326 нафар гуфтааст.

Вазири муҳоҷирати Канада Шон Фрейзер дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки теъдоди паноҳҷӯёни афғонистонӣ, ки то ҳол дар Канада қарор доранд ба 21 ҳазору 700 нафарро расидаанд.

Бояд гуфт, ки шаҳрвандони Афғонистон, пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон маҷбур ба тарки кишварашон шудаанд. Дар ин ҳол, Душанбе нахуст эълом дошт, ки то 100 000 паноҳандаи афғонистониро қабул мекунад.

Бо ин ҳол, Тоҷикистон ягона кишваре дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ки паноҳҷӯёни  афғонистониро пазируфтааст.

Ба гуфтаи Агентии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (UNHCR) то тобистони соли ҷорӣ бештар аз 8500 паноҳҷӯи афғонистонӣ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд. Аз ин теъдод 5700 нафар пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон дар моҳи августи соли гузашта омадаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.