Туҳфаи Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путинро ба хонаи кӯдакон тақдим намуданд

Меваҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба ҳамтои русаш Владимир Путин ба муносибати 70-солагии ӯ бурда буд, ба ятимхонаҳои шаҳри Санкт-Петербург тақсим карда шудааст. Барои расондани онхо шаш мошини боркаш киро кардаанд. Дар ин бора маъмурияти президенти Русия дар саҳифаи худ дар шабакаи ВКонтакте хабар додааст. 7 октябри соли 2022 дар Қасри Константиновский мулоқоти ғайрирасмии […]

Меваҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба ҳамтои русаш Владимир Путин ба муносибати 70-солагии ӯ бурда буд, ба ятимхонаҳои шаҳри Санкт-Петербург тақсим карда шудааст. Барои расондани онхо шаш мошини боркаш киро кардаанд. Дар ин бора маъмурияти президенти Русия дар саҳифаи худ дар шабакаи ВКонтакте хабар додааст.

7 октябри соли 2022 дар Қасри Константиновский мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ баргузор шуд. Ин рӯз ба солгарди Путин рост омад ва Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ тӯҳфаи ғайриоддӣ – меваҳои тоҷикӣ тақдим кард.

"Шаш мошини боркаш бо нозу неъматҳои тоҷикӣ ба ятимхонаҳои Санкт-Петербург эҳдо шуд. Ин барои кӯдакон туҳфаи гуворо ва муфид буд", — омадааст дар хабар.

Раёсат ҳамчунин навори видеоии тарбиятгирандагони яке аз ятимхонаҳои Санкт-Петербургро нашр кардааст, ки барои тӯҳфаи болаззат ва муфид изҳори миннатдорӣ мекунанд.

Елена Крилова, котиби матбуотии Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия афзудааст, ки "бо супориши сарвари давлат меваҷот ба ятимхонаҳои Санкт-Петербург интиқол дода шуда, онҳоро шаш маркази таблиғи тарбияти оилавӣ қабул кардаанд".

Ёдовар мешавем, ки тӯҳфаи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Қасри Константиновский дар шакли ду аҳроми тарбузу харбузаҳои тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, меваҳои боқимонда дар атрофи ин пирамидаҳо дар шакли қолин ва пайроҳаҳо ороста шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.