Хатнаи ройгони беш аз 74 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 74 ҳазору 718 нафар кӯдак ройгон хатна карда шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки ба ҳолати имрӯза дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи ройгони кӯдакон фаъолият мекунад. Ташкил гардидани ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи […]

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 74 ҳазору 718 нафар кӯдак ройгон хатна карда шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ба ҳолати имрӯза дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи ройгони кӯдакон фаъолият мекунад.

Ташкил гардидани ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ва гузаронидани амалиёти хатна ба таври ройгон, зери фаъолияти  Вазорати тандурустӣ ба роҳ монда шудааст.

Соли 2017 ба қонуни Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва расму ойинҳо тағйирот ворид шуд, ки бар асоси он хатнасури писарон пас аз таваллуд, дар синни то 20-рӯза ва ҳатмӣ дар беморхона анҷом дода шавад.

Қаблан дар минтақаҳои гуногуни кишвар хатнаи кӯдакон дар синни томактабӣ низ анҷом мешуд ва он дар хона бо даъвати меҳмонон ва иштироки ҳунармандон баргузор мегардид.

Аз 1-уми январи соли 2019 дар Тоҷикистон комилан хатнасури писарон дар хона аз ҷониби табибони халқӣ манъ карда шуд.

Қаблан намояндагони Вазорати тандурустӣ нигаронӣ намуда буданд, ки волидоне ҳастанд, ки хатнасурро дар хона ва ин маросимро табибони мардумӣ анҷом медиҳанд, ки боиси оқибатҳои пешгӯинашаванда, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.