“Бо рақсҳои бадахшиву суғдиву хатлонӣ”. Медали тиллои Тоҷикистон дар бозиҳои Делфӣ

Date:

Бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид ва Тоҷикистон дар он ҷои аввал ва медали тиллоро ба даст овард. Дар ин бора Марям Холиқзода аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи Марям Холиқзода, ансамбли рақсии бачагонаи “Зебо” барандаи медали тиллои Бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ эълом гардиданд.

Ӯ гуфт, ин ансамбл рақси попуррӣ ва рақсҳои минтақавӣ, ки дар вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва Хатлон хеле машҳур аст, намоиш дод.

“Ансамбли “Зебо”, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам машҳур аст, бори дигар ҳайати доварони озмуни бошукуҳро ба ваҷд овард”, – афзуд Холиқзода.

Ҳамин тавр, номинаи “Созҳои нафасӣ” байни гурӯҳҳоҳи 14-17 ва 18-25-солаҳо тақсим гардида, ҷоизаҳо супорида шудааст.

Ба гуфтаи Марям Холиқзода, дар номинаи “Созҳои нафасӣ” бо дипломҳои махсус “Барои иҷроиши ифоданоки барномаи даври 1” Б. Ҳакимов ва “Барои иҷроиши олии намоишномаи оҳангсози миллӣ” Милана Хашимова, ҳарду аз Тоҷикистон, қадрдонӣ шуданд.

“Дар номинаи “Сарояндаи эстрадӣ” аз гурӯҳи 14 то 17-солаҳо Нилуфар  Азизова  аз Тоҷикистон сазовори ҷои аввал ва медали  тило, Марина Гринёва аз  Руссия ҷои дуввум ва медали нуқра, Сарвиноз Ҳамдамова аз Тоҷикистон ҷои севвум ва медали биринҷӣ гардиданд”, – афзуд Холиқзода.

Инчунин, бо дипломи махсус Шаҳриёр Шарифзода аз Тоҷикистон, Элзара Кураисова аз Қазоқистон ва Юсуфҷони Сангалӣ аз Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Ба гуфтаи Марям Холиқзода, мувофиқи баҳогузории ҳайати ҳакамон дар номинаи мазкур дар синну соли аз 14 то 21 ансамбли «Ералаш»-и Русия сазовори ҷойи аввал ва медали тилло, ҷойи дуввум ва медали нуқра ба ансамбли Кафедраи хореографии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Беларус, ҷойи севум ва медали биринҷӣ ба гурӯҳи рақсии «Малика»-и Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собироваи Тоҷикистон сазовор шудаанд.

“Бо дипломи махсус барои сатҳи баланди кори педагогӣ ансамбли  рақсҳои халқии «Сибирские узори», дипломи махсус барои тарғиби анъанаҳои рақси миллӣ ансамбли «Бунафша»-и Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаи Тоҷикистон сазовор гардиданд”, – афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки бори нахуст дар Тоҷикистон Бозиҳои VI Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд. Дар ин бозиҳо беш аз 400 истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25 сола ширкат карданд, ки дар байнашон ҳунармандон, рассомон ва санъаткорон, аз ҷумла аз Русия, Белорус ва Қазоқистон ширкат доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...