БОР ба Тоҷикистон барои сабуксозии оқибатҳои нохуши ҷанг дар Украина 50 млн доллар медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) баҳри кумак ба ҳукумати Тоҷикистон дар сабуксозии оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷанг дар Украина ба маблағи 50 млн доллар грант тасдиқ намуд. Барномаи БОР “Беҳбуди устуворӣ бо хароҷоти фаъоли зиддимарҳилавӣ” (BRACE) ба маблағгузории нақшаи зиддибуҳронии ҳукумат, ки ба тавсеъаи ёрии иҷтимоӣ ба қишри камбизоат ва осебпазири аҳолӣ, дастгирии истеҳсолоти дохилии маводи […]

Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) баҳри кумак ба ҳукумати Тоҷикистон дар сабуксозии оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷанг дар Украина ба маблағи 50 млн доллар грант тасдиқ намуд.

Барномаи БОР “Беҳбуди устуворӣ бо хароҷоти фаъоли зиддимарҳилавӣ” (BRACE) ба маблағгузории нақшаи зиддибуҳронии ҳукумат, ки ба тавсеъаи ёрии иҷтимоӣ ба қишри камбизоат ва осебпазири аҳолӣ, дастгирии истеҳсолоти дохилии маводи ғизойӣ, ҳифзи шуғли муҳоҷирони бозгашта дар соҳаи соҳибкории хурду миёна равона гардидааст, кумак хоҳад кард.

Мудири кулли БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков гуфтааст, дастгирии Бонк ҷиҳати сабуксозии таъсири болоравии нархҳо ба маводи хӯрокворӣ ва нафт, коҳиши интиқоли пул, ки рушди иқтисодро суст карда, ба зиёдшавии бекорӣ боис мегарданд, мусоидат менамояд.

Гуфта мешавад, бо дастгирии БОР 250 ҳазор хонаводаҳои камбизоат ва осебпазир ҳар кадоме ба маблағи 600 сомонӣ (59 доллар) кумакпулии якдафъаина мегиранд.

Барои дастгирии тиҷорат ва таъмини шуғл муҳоҷирони ба ватан баргашта аз давраҳои бозомӯзии касбҳо мегузаранд.

“Ин барнома тавассути ду бонки давлатӣ ба корхонаҳои хурду миёна, ки дар соҳаи кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва тиҷорат машғуланд, қарзҳои имтиёзнок медиҳад. – гуфтааст Муҳаммадӣ Бобоев, сариқтисодчии Бонк. –  Ин як дастгирӣ ба корхонаҳои осебдида, аз ҷумла корхонаҳои ба занон тааллууқдошта мебошад, то ки фаъолияти онҳо барқарор шуда, ҷойҳои кориро нигоҳ доранд”.

Грант аз ҳисоби пули Фонди осиёии рушд маблағгузорӣ мешавад, ки ба кишварҳои бештар камбизоат ва осебпазири кишварҳои узви БОР грант ҷудо мекунад. БОР ҳамчунин барои дастгирии татбиқи барнома ва таҳкими низоми мониторинг ва баҳодиҳӣ ба маблағи 400 ҳазор доллар кумаки техникӣ ҷудо мекунад.

Аз замони узвияти Тоҷикистон ба Бонки осиёии рушд дар соли 1998, ин ниҳоди молиявӣ шарики бузургтарини бисёрҷонибаи кишвар дар соҳаи рушд гардида, ба маблағи зиёда аз 2,5 млрд доллар, аз ҷумла 1,8 млрд доллар ба сифати грант кумак кард.

Қобили зикр аст, ки Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуд. Саҳмдорони бонк 68 кишвар буда, 49-тои он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.