СҶТ аз коҳиши бемории сурхакони маймун дар ҷаҳон хабар медиҳад

Шумори ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории сурхакони маймун дар саросари дунё кам шуд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 20 октябр дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Аданом Гебрейесус хабар дод, менависад Eadaily. “Теъдоди хабарҳо дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар 8 ҳафтаи ахир кам шуд”, – изҳор доштааст роҳбари Созмон. Ба гуфтаи Гебрейесус, ин […]

Шумори ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории сурхакони маймун дар саросари дунё кам шуд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 20 октябр дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Аданом Гебрейесус хабар дод, менависад Eadaily.

“Теъдоди хабарҳо дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар 8 ҳафтаи ахир кам шуд”, – изҳор доштааст роҳбари Созмон.

Ба гуфтаи Гебрейесус, ин тамоил умедворкунанда буда, лекин дар ҳамин ҳол, дар марҳилаи авҷ қарор доштани хуруҷи беморӣ дар якчанд кишварҳо ҳоло ҳам боиси нигаронист.

Роҳбари Созмон зикр кардааст, ки қариб 90%-и ҳолатҳои сироятёбӣ аз ин беморӣ, ки ҳафтаи гузашта сабт шудаанд, ба Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ рост меояд. Авҷи сироятёбӣ аз беморӣ дар Гана ба мушоҳида мерасад, ки дар ин ҷо инчунин 4 ҳолати марг ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар гузориши 8-уми вазъият доир ба хуруҷи бемории сурхакони маймун  зикр мегардад, ки то 16 октябр дар 109 кишвари саросари дунё 73 ҳазору 437 ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба беморӣ сабт шуда, бар асари он 29 нафар фавтидаанд. Дар 7 рӯз 2 ҳазору 157 ҳолатҳои сироятёбӣ ошкор шудааст, ки 20,6% камтар нисбат ба ҳафтаи пешин аст.

"Сурхакони маймун" маъмулан дар Африқои Марказӣ ва Ғарбӣ, аксар вақт дар наздикии ҷангалҳои тропикӣ, сабт шуда, дар Конго эндемия (мавҷудияти доимии касалии сироятӣ дар маҳалле) ба шумор меравад. Онро бори аввал соли 1970 дар бадани одамон кашф карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.