Эмомалӣ Раҳмон: “Лимит”-и барқ ҳаст, аммо он муваққатист”

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронии имрӯзааш бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак аз маҳдудияти интиқоли барқ ё  “лимит” дар кишвар ҳарф задааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвари мо низ маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст. Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст”.

Ҳамин тавр, раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, имрӯзҳо “бисёр кишварҳои оламро буҳрони энергетикӣ фаро гирифтааст ва ҳатто баъзе давлатҳои хеле пешрафта низоми маҳдуди интиқоли барқ, гармӣ ва сӯзишвориро барои мардуми худ ҷорӣ карда истодаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як оила ва ташкилоту муассисаҳои кишвар хостааст, дар мавсими тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода намоянд.

Бояд гуфт, қариб ҳар сол ширкати “Барқи тоҷик” аз корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар мавсими тирамоҳ ва зимистон хабар медиҳад ва “лимит”-и барқро ҷорӣ менамоянд.

Ҳамин тавр “Барқи тоҷик” ҳар дафъа мегӯяд, ки “дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмирӣ гузаронида мешавад”.

Бо ин сабаб, соли равон низ аз охири моҳи сентябр дар минтақаҳои гуногуни кишвар интиқоли нерӯи барқ маҳдуд гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...