Дар Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз шуданд

Имрӯз, 24 октябр соати 19:00 бо гала-консерт дар Театри давлатии академии хурди шаҳри Маскав Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия оғоз мешаванд, хабар медиҳад намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Консерт бо иштироки овозхонҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Шарофат Усмонова ва Манучеҳр Раҳмонов, ҳунармандони мардумӣ Раҳматулло Ҳошимов ва […]

Имрӯз, 24 октябр соати 19:00 бо гала-консерт дар Театри давлатии академии хурди шаҳри Маскав Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия оғоз мешаванд, хабар медиҳад намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Консерт бо иштироки овозхонҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Шарофат Усмонова ва Манучеҳр Раҳмонов, ҳунармандони мардумӣ Раҳматулло Ҳошимов ва Фирдавс Ҳошимов, сарояндагони эстрада Зафар Абдуалимов, Чоршанбе Аловатов, Нигина Амонқулова, Кароматулло Муҳаммадрафӣ, Манучеҳр Раҳмонов, Шариф Хайриддин ва Хуршед Иброҳимов баргузор мешавад.

Ҳамчунин дастаҳои рақсии “Гулрез” ва “Зебо”, инчунин гурӯҳи карнайнавозон низ табъи меҳмононро болида хоҳанд гардонид.

Дар толори театр маҳсули кори ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Консерти минбаъда рӯзи 26 октябр дар саҳнаи толори консертҳои “Бошқирдистон”-и шаҳри Уфа доир мегардад.

Рӯзҳои фарҳанг бо дастгирии Вазоратҳои фарҳанги Русия ва Тоҷикистон дар доираи 30-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ қаблан зимни вохӯрии кории вазири фарҳанги Русия Олга Любимова бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баррасӣ шуда буд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои татбиқи чорабиниҳоро дар соли ҷорӣ, инчунин имконоти густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.