Қазияи худкушӣ бо 26 зарби корд. Прокурор барои хушдомани Манора 8 соли зиндон хост

Айбдоркунандаи давлатӣ ба Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуд, 8 соли зиндон талаб кардааст. Дар ин бора наздикони Манора ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки дар суд ҳуқуқ ва манфиатҳои Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Айбдоркунандаи давлатӣ ба Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуд, 8 соли зиндон талаб кардааст. Дар ин бора наздикони Манора ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки дар суд ҳуқуқ ва манфиатҳои Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манораро намояндагӣ мекунад, бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки интизор меравад, ҳукми суд рӯзи панҷшанбе, 27 – уми октябр хонда шавад.

Қаблан, дар мурофиаи додгоҳӣ, Бибикалон Назирова дар марги келинаш Манораи Абдуфаттоҳ худро қисман гунаҳкорр ҳисобида буд. 

Шоҳидон ва далелҳо дар парванда низ тасдиқ кардаанд, ки Манора аз муносибати бераҳмона аз ҷониби хушдоман ва қайсингул (хоҳари шавҳараш) чанд маротиба шикоят карда буд.

Гуфта мешавад, дар мурофиаи додгоҳии дуввум, ки рӯзи 11-уми октябр баргузор гардид, вакили дифои Назирова аз суд дархост карда буд, ки кирдори зерҳимояашро бо қисми 1-и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и Кодекси ҷиноятӣ бандубаст карда, нисбати ӯ қонуни ҶТ “Дар бораи авф”-ро татбиқ ва ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шавад.

“Айбдоркунандаи давлатӣ нисбати дархости ҳимоятгар эътироз баён намуда, аз суд рад кардани онро талаб кард. Ҳамчунин, мавқеи айбдоркунандаи давлатиро ҷабрдида ва намояндаи ӯ дастгирӣ намуданд”, – омадааст дар хабарномаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ.

Талаби то 8 соли зиндон ба хушдомани Манора Абдуфаттоҳ дар ҳолест, ки наздикони ӯ чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карда, хостори ҷазо додани наздикони шавҳари Манора шуда буданд. Онҳо даъво доштанд, ки духтарашон худкушӣ накардааст ва наметавонист, ки худаш дар баданаш 26 корд занад.

Баъдан, Додситонии кулли кишвар пас аз тафтиши пешакӣ далели марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.

“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, – омадааст дар маълумот.

Пайвандону наздикони ҷавонзан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.

Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, додситонӣ ва суди Файзобод ҳам дар робита ба қазия то ба ҳол шарҳе надодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио