“Хушҳолам, ки бо ҳаводорони санъатам бори дигар рӯбарӯ мешавам”. Мастона Эргашева 70-сола шуд

Date:

Имрӯз, 26-октябр, Мастона Эргашева, овозхони шинохта, оҳангсоз ва устоди мақомсароёни ҷавон зодрӯз дорад ва ба синни мубораки 70 қадам мениҳад. “Азия-Плюс” ҳунармандро бо зодрӯзаш табрик карда, аз нақшаҳояш пурсон шуд.

Мастона Эргашева мегӯяд, ки зодрӯзашро мисли солҳои қаблӣ дар ҳалқаи оилааш таҷлил мекунад ва ин беҳтарин туҳфа барояш аст.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки имсол дар ҷашни зодрӯзаш китоби наваш “Мастона месарояд» дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон муаррифӣ хоҳад шуд.

“Бароям боз як хушбахтии дигар аст, ки рӯнамои китобамро доир мекунам ва зодрӯзро бо аҳли оила, баъди чорабинӣ ҷашн хоҳем гирифт. Ҳамасола зодрӯзамро дар ҷамъи наздикон ва атрофи дастархони хоксорона таҷлил мекунам”.

Мастона Эргашова ҳамзамон, ҳамаи ҳаводоранашро фардо, 27-уми октябр, ба консерташ, ки дар Филорамонияи  давлатӣ ба номи Акашариф Ҷӯраев доир мегардад, даъват менамояд.

“Хеле хушҳолам, ки бо ҳаводорони санъатам бори дигар рӯбарӯ мегардам”, – мегӯяд Мастона Эргашева.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Азия-Плюс” ҳам Мастона Эргашева, бонуи ҳунарро бо ҷашни зодрӯз табрик гуфта, барояш тани сиҳату сари баланд ва хушбахтии ҳаётро таманно дорад.

Бахшида ба ҷашни зодрӯз, мусоҳибаи муфассале, ки хабарнигори “Азия-Плюс” бо Мастона Эргашева се сол қабл анҷом дода буд, бознашр мешавад, ки дар он овозхони шинохта, доир ба шебу фарози касбу кор ва рӯзгори худ нақл кардааст.

– Чаро имрӯз мухлисонатон Шуморо дар саҳна кам мебинанд?

– Шояд саҳна ҷавониро дӯст медорад. Соли 2003 ба собиқаи кориям дар ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи радио ва телевизион 25 сол пур шуд ва маро аз он ҷо шодравон Талабхӯҷа Сатторов барои ташкил додани Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷалб карданд. Дар ин ҷо 16 сол боз ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорам. Корҳое, ки мо мекунем, ҳар рӯз ба навор гирифтаву дар телевизион пахш намешавад, зеро он дарс аст. Барои ҳамин кам метобам. Лекин ҳар ҷое даъват кунанд, рафта, ҳунарнамоӣ мекунам.

Ман дигар на ҳамчун сароянда, балки ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорам. Ҳоло ба донишҷӯёни ансамбли гурӯҳихонии шашмақом дарс медиҳам. Ин кор хеле душвор аст, аммо ҳеҷ кас намебинад, ман чӣ кор мекунам.

МЕДИА (YOUTUBE)

– Шуморо ба чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ даъват мекунанд?

– Бале, ба ҳамаи чорабиниҳо даъват мекунанд ва ширкат меварзам.

Ҳоло ҷавонони сароянда бештар аз техника истифода мекунанд, ки ман ин хел карда натавонистам. Барои сабти овозу оранжировка маблағи муайян даркор аст, барои телевизион баромадан боз алоҳида пул додан лозим. Мани омӯзгор ин қадар пулро аз куҷо меёбам?

МЕДИА (YOUTUBE)

– Дар тӯю маъракаҳо овозхонӣ мекунед?

– Солҳои пеш ба ғайр аз маош дар тӯйҳо овозхонӣ мекардам ва даромади бештар доштам. Имрӯзҳо мо тӯй намеравем.

Ҳозир овозхонҳоеро, ки зинда месароянд, ба тӯй даъват намекунанд. Ба сарояндаҳое, ки бо фонограмма мехонанд, пули зиёд медиҳанд. Ман намефаҳмам, ин чӣ гуна ҷомеа аст.

МЕДИА (YOUTUBE)

– Фарзандон касби Шуморо интихоб карданд?

– Як духтару як писар дорам, ки ба ҳайси иқтисодчӣ кор мекунанд. Ҳарчанд шавқи зиёд дошта бошанд ҳам, ин пешаро интихоб накарданд. Аммо наберагонам шавқ доранд ва асбобҳои зарбиро ҳаваскорона менавозанд. Танҳо як ҷиянам – Соҳиба Каримова шуъбаи шашмақоми Донишгоҳи санъатро хатм кард ва айни замон дар Хонаи фарҳанги ноҳияи Гулистон (Қайроқум) кор мекунад. Вай дар вилояти Суғд машҳур аст ва дар чорабиниҳои манотиқи дигари кишвар низ ҳунарнамоӣ мекунад.

МЕДИА (YOUTUBE)

– Сароянда будан барои зан дар ҷомеаи мо душвор аст?

– Агар завқи ҳақиқӣ дошта бошед ва касбу кори сарояндагию навозандагиро дӯст доред, ягон душворӣ ба чашм наметобад ва пеши роҳи шуморо намегирад. Ман дар соли 1969 ба Донишгоҳи санъат омадам, ки соли ҷорӣ 50 сол сипарӣ шуд.

Албатта, ҳар касб душворӣ дорад ва тоқату таҳаммул кардан лозим аст. Ҳар шахсе, ки душвориҳоро тоқат кард, бурд кард. Фикр мекунам, ки дар ҳамин 50 сол хеле пастию баландиро ҳам дар ҷодаи ҳунар ва ҳам дар зиндагӣ дидам. Аммо ба ҳамаи мушкилот сабр кардаву тоб овардам. Шукри Худо, имрӯз омӯзгор ҳастам ва боз дар ҳамин соҳа шогирдонро тарбия мекунам.

МЕДИА (YOUTUBE)

– Касби интихобкардаи Шумо ба зиндагии шахсӣ халал нарасонд?

– Не, ягон халал ворид накард. Вақте касби интихобкардаи худро аз дилу ҷон дӯст доред, ба ҳаёти оилавӣ, зану шавҳарӣ, фарзандон ҳеҷ халал намерасонад.

Бовар кунед, ман аз касбу ҳунарам фақат обрӯ ва баракат ёфтам.

– Аз синни чандсолагӣ месароед?

– Аз синни 10-солагиям дар мактаби миёнаи ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) рубобнавозӣ ва сароиданро оғоз кардам. Ман вақте худамро шинохтам, фаҳмидам, ки овоз дорам ва дар оянда сароянда мешавам.

– Волидайни Шумо зид набуданд?

– Шавқи маро волидайн ва наздиконам дида, ҳеҷ кас мамониат нишон надод. Розӣ шуданд ва омада, хондам ва ба муроду мақсадам расидам. Фақат дар фикри касбам будам. Худоро шукр, оилаю фарзанду наберадор ҳам шудам.

Агар фидоии касби худ бошед, ҳаргиз гапи мардум халал намерасонад. Фақат меҳнат кардан, пеш рафтан ва ба қуллаҳои баланди ҳунар баромадан лозим аст.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




– То имрӯз чанд тарона сароидаед?

– Тӯли 25 соле, ки дар асамбли “Шашмақом”-и Кумитаи радио ва телевизион кор кардам, қариб 200 суруд дар фонди тиллоӣ ҳаст. Оҳангсози чанде аз ин сурудҳо худам ҳастам. Ҳамчунин барои сурудҳоям Саидқул Билолов, Муборакшо Ҷумъаев, Саодат Гулбеков ва дигарон оҳанг эҷод кардаанд.

– Чӣ орзу доред?

– Орзу дорам, ки тинҷию амонӣ бошад. Илоҳо осмони диёрамон ва тамоми рӯйи замин софу беғубор бошад, Ватанамон тинҷ бошад, халқамон сиҳату саломату хушбахт бошад.

Мирзо Турсунзодаи бузург гуфта буданд: “Ҷашми ман серӣ надорад аз тамошои замин”. Ба мисли ҳамин гуфтаашон чашми ман ҳам серӣ надорад аз тамошои шаҳрам, Ватанам, диёрам, умуман, хонаводаам, фарзанду наберагонам. Торафт умри одам зиёд шудан гирад, зиндагиро дӯст медоштааст, ҳаёт боз ширинтар мешудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар ин мавод аз видеоҳои YouTube – 4 қисми консерти “Базми Мастона” (Шабакаи мусиқии Tamoshow), сурудхонии Мастона Эргашева дар маҳфили Фарзона “Бодо панохат бар Худо” (Ozarakhsh and Farzona channel), наворҳои Телевизиони “Синамо” (барномаи “Ёди рӯзгори ширин) ва Телевизиони “Сафина” истифода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...