Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Озмуни байнулмилалии «Панҷ ситораи интервизион» моҳи август дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир мегардад. Дар ин хусус зимни сафари гурӯҳи кории Шабакаи аввали телевизиони Русия, намояндагони Фонди ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ва ширкати «Красний квадрат»-и Русия ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил гардид.
Чӣ тавре ки муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Абдуманнонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, баргузории озмун рӯзҳои 27-30-уми август пешбинӣ мешавад.
Дар ҷараёни сафари ҳайати намояндагони Русия тамоми масоили тадорукотии марбут ба баргузории озмун, аз ҷумла, интиқоли таҷҳизоти техникӣ аз Русия, ороиши саҳна, пахши мустақими он тариқи телевизион, ташкили маъракаи таблиғ ва ғайра мавриди ҳаллу фасл қарор гирифтанд.


