“Харитаи электронии Душанбе” ҷои “Google Карты”-ро мегирад?

Date:

Шаҳрдории Душанбе ният дорад, “Харитаи электронии шаҳри Душанбе”-ро таҳия кунад, ки дар он ба таври электронӣ ҳамаи суроға ва маълумоти зарурӣ оид ба инфрасохтори пойтахт ҷой дода мешавад. Он нишонӣ ва маълумоти пурраи ҳамаи иншооти маишиву хизматрасонӣ, маъмуриву иҷтимоӣ, инфрасохтори шаҳрӣ, кӯчаву хиёбон ва роҳҳои пойтахтро дар як барномаи электронии махсус ҷамъоварӣ карда, аҳолиро роҳнамоӣ мекунад.

Дар ин бора аз КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart city)-и Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ин ниҳод мегӯяд, дар ин хусус аллакай дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе содир шудааст ва онро “Smart city” бо ҳамкории ҶДММ «ГШ Эра» амалӣ мекунад.

Аз КВД “Шаҳри ҳушманд” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ба харита пеш аз ҳама суроғаи дақиқи кӯчаву хиёбон ва бинову иншоотҳои пойтахт ворид карда мешавад.

“Дар харитаи электронӣ маълумоти пурра оид ба тамоми мактабу кӯдакистон, маркази саломатӣ, беморхона, хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва ғайра ворид карда мешавад. Мо нақша дорем, маълумот оид ба теъдоди истиқоматкунандагони ҳар як бино, соли бунёди бино, ширкати бунёдкор ва ҳатто таносуби зану марди дар бино истиқоматкунандаро дар ин харита ворид намоем. Вақте тугмаро ба болои бино мегузоред, ҳамаи ин маълумот пайдо мешавад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Онҳо афзуданд, харитаи электронӣ инчунин барои ронандагон чун роҳнамо (навигатор) хизмат мекунад. Яъне, ба мисли харитаи “Google” ё “Яндекс” “Харитаи электронии шаҳри Душанбе” имкон медиҳад, ки ронандагон бо истифода аз роҳнамо (навигатор) нишонаи кӯчаву хонаро дуруст пайдо кунанд.

Аз КВД “Шаҳри ҳушманд” афзуданд, лоиҳа аз 6 марҳила иборат буда, марҳилаи якум ин картография аст, ки ба воситаи таҷҳизоти бесарнишин ҳудуди шаҳри Душанбе пурра аксбардорӣ шуда, ба шакли рақамӣ гузаронида мешавад.

“Марҳилаи дуввум–лоиҳакашии система, ки дар худ омода намудани супориши техникӣ барои оғоз намудани корҳои лоиҳавӣ, гузаронидани мусоҳиба бо сохторҳои мақомоти шаҳри Душанбе, омода намудани талабот барои сохтани қисми барномавӣ, ташаккул додани феҳристи маълумот барои рақамикунонӣ ва ғайраро дар бар мегирад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Рақамикунонии маълумоти бойгонӣ, ки аз ташаккули пойгоҳи додаҳо барои ҳар манбаи маълумот, пур кардани пойгоҳи додаҳо, ба таври санҷишӣ пайваст намудани пойгоҳи додаҳо ба барнома, пайвастшавӣ ба инфрасохтори шаҳрӣ, ба мисли камераҳои назоратӣ, камераҳои назорати суръат, ҷароғакҳои роҳ ва ғайра аз марҳалаи сеюми ин лоиҳа дониста мешавад.

Марҳилаи чаҳорум ин омода намудани комплекси барномавии «Шаҳри ҳушманд» аст.

“Ин омода намудани қисмати «frond-end» – барномаи мувофиқа намудани қисмати «frond-end» бо сохторҳои шаҳри Душанбе аст. Яъне омода намудани рӯйхати барнома ва омода намудани қисмати «back-end»-и барнома ба таври тестӣ (қисмати сервер), пайвасти пойгоҳи додаҳои рақамикунонидашуда ва омӯзиши мутахассисон аст”, – гуфтанд аз ин корхона.

Ба гуфтаи онҳо, марҳилаи панҷум ин навсозии инфрасохтори шаҳрӣ, ки навсозии системаи бехатарӣ, баҳисобгирии захираҳо ва ғайраро дар бар мегирад, иборат буда, марҳилаи шашум омода намудани барномаи мобилии «Шаҳрванди фаъол» аст.

“Бо кумаки барномаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ба мақомот назари худро нисбат ба қарорҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти шаҳр қабул мешаванд, иброз намоянд. Ҳамчунин, сокинон метавонанд, мушкилӣ ё камбудие, ки шоҳид мешаванд, навор гирифта, ворид кунанд, то ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ба ин мушкилӣ ва камбудӣ расидагӣ намоянд”, – афзуданд аз КВД “Шаҳри ҳушманд”.

Аз ин ниҳод гуфтанд, амалишавии лоиҳаи мазкур кори зиёдеро дар бар мегирад аз ин рӯ, муҳлати мушаххаси ба истифода додани он маълум нест, вале эҳтимол аст он чанд сол тӯл кашад.

“Аҳолӣ метавонанд бо насби ин барнома дар телефону компютерҳои худ аз он истифода кунанд ва он ҷузъе аз амалишавии “Шаҳри ҳушманд” аст”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...