Тоҷикистониёни аз вилояти Свердловск ихроҷшударо мехоҳанд бо автобусҳо ба ватан фиристанд

Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ҷазои ихроҷи маҷбурии маъмурӣ гирифтаанд, мехоҳанд бо автобусҳои ҶСП “ХуҷандТрансСервис” ба хонаҳояшон фиристанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода. Ба гуфтаи номбурда, ӯ дар ин бора рӯзи 1 ноябр бо директори генералии ин ширкати нақлиётӣ Рустам Қурбонов гуфтугӯ кардааст. “Дар сурати розигии ҷониби Русия, мо зарурати омӯзиш […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ҷазои ихроҷи маҷбурии маъмурӣ гирифтаанд, мехоҳанд бо автобусҳои ҶСП “ХуҷандТрансСервис” ба хонаҳояшон фиристанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода.

Ба гуфтаи номбурда, ӯ дар ин бора рӯзи 1 ноябр бо директори генералии ин ширкати нақлиётӣ Рустам Қурбонов гуфтугӯ кардааст.

“Дар сурати розигии ҷониби Русия, мо зарурати омӯзиш ва амалисозии чунин тарзи фиристодани тоҷикистониёни хориҷшударо баррасӣ кардем”, – гуфт ӯ.

Сайидзода мегӯяд, зимни вохӯрӣ Рустам Қурбнов дар бораи мусофиркашонӣ бо хатсайри мунтазами байнулмилалии “Екатеринбург (Русия) – Бохтар (Тоҷикистон) тариқи автобус маълумот додааст.

“Ман ба Қурбонов дар кори роҳандозии ҳамкории мутақобила бо мақомоти дахлдори давлатии ҳокимияти вилоятҳо ва ҳавзаҳои мухтори Русия, ки ба минтақаи масъулияти Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург дохиланд, изҳори омодагӣ кардам, то ки бароҳату босифат ва бехатару мунтазам мусофиркашонии байнулмилалӣ тариқи авобусҳо таъмин карда шавад”, – илова намуд Сайидзода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.