Ноиби мудири кулли минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба Тоҷикистон омад

Ҳела Шайхруҳӣ, ноиби мудири кулли минтақавӣ дар Шарқи наздик, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон, дар доираи фаъолияти IFC оид ба тақвият бахшидани кӯшишҳои кишвар баҳри ноил шудан ба рушди устувор ва фарогири иқтисодӣ, тавассути афзоиши сармоягузории бахши хусусӣ вориди Тоҷикистон шуд ва дар назар аст, то 9-уми ноябри соли ҷорӣ бо мақомоти баландпояи […]

admin

Ҳела Шайхруҳӣ, ноиби мудири кулли минтақавӣ дар Шарқи наздик, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон, дар доираи фаъолияти IFC оид ба тақвият бахшидани кӯшишҳои кишвар баҳри ноил шудан ба рушди устувор ва фарогири иқтисодӣ, тавассути афзоиши сармоягузории бахши хусусӣ вориди Тоҷикистон шуд ва дар назар аст, то 9-уми ноябри соли ҷорӣ бо мақомоти баландпояи ҳукумат, шарикони рушд ва намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати тавсеаи фаъолияти IFC дар Тоҷикистон ва ҷалби сармояи иловагӣ ба бахшҳои асосии иқтисод гуфтугӯҳо анҷом медиҳад.

Вохӯриҳо қисме аз талошҳои  IFC барои дастгирии рушди бахши хусусӣ ва кӯмак ба тиҷорат дар ҳалли мушкилоти гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла таъсири пандемияи COVID-19 ва ҷанг дар Украина мебошанд.

"IFC мекӯшад, барномаи ислоҳоти стратегии Ҳукумати Тоҷикистонро барои бунёди иқтисоди бозорӣ, ки ба рушди содирот нигаронида шудаст дастгирӣ намояд ва дар  эҷоди ҷойҳои корию ноил шудан ба пешрафти устувори дарозмуддат саҳм дошта бошад", – кайд намуд Шайхруҳӣ.

Ёдовар мешавем, ки IFC, узви Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, бузургтарин созмони байналмилалии рушд буда, ба бахши хусусии кишварҳои дорои  бозорҳои рӯ ба рушд таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Ин созмон бо истифода аз сармоя, дониш ва таҷрибаи амалӣ дар зиёда аз 100 кишвари дунё лоиҳаҳоро амалӣ карда, барои фароҳам овардани бозорҳо ва имкониятҳои нав барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ заминагузорӣ менамояд.

Дар соли молиявии 2022 IFC барои ширкатҳои хусусӣ ва муассисаҳои молиявии кишварҳои рӯ ба тараққӣ маблағи рекордии 32,8 миллиард доллар ҷудо намудааст, то тавоноии бахши хусусӣ барои хотима додан ба камбизоатии шадидро беҳтар сохта, баҳри бартараф кардани оқибатҳои бӯҳрони бисёрҷанбаи ҷаҳонӣ ва мусоидат дар рушди муштарак, саҳм дошта бошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.