Муҳоҷири тоҷик ба чоҳи лифт афтода, ҳалок шуд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолатҳои ҳалокати муҳоҷир аз Тоҷикистонро дар майдони сохтмони наздикии шаҳри Санкт-Петербург таҳқиқ мекунанд. Ҳодиса дар ноҳияи Всеволожскии вилояти Ленинград рух додааст, хабар медиҳад "Петербургская газета". Ҷасади бинокори ҷавонро ҳамкоронаш дарёфт карда, мақомоти пулис ва ёрии таъҷилии тиббиро ба ҷойи ҳодиса даъват кардаанд. Табибон марги ҷавонро муайян кардаанд. Тибқи маълумоти намояндагони мақомоти ҳифзи […]

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолатҳои ҳалокати муҳоҷир аз Тоҷикистонро дар майдони сохтмони наздикии шаҳри Санкт-Петербург таҳқиқ мекунанд. Ҳодиса дар ноҳияи Всеволожскии вилояти Ленинград рух додааст, хабар медиҳад "Петербургская газета".

Ҷасади бинокори ҷавонро ҳамкоронаш дарёфт карда, мақомоти пулис ва ёрии таъҷилии тиббиро ба ҷойи ҳодиса даъват кардаанд. Табибон марги ҷавонро муайян кардаанд.

Тибқи маълумоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хабар дар бораи дарёфти ҷасади коргар дар ошёнаи чоруми сохтмони бинои истиқоматии баландошёна дар шаҳри Мурино шоми рӯзи 6 ноябр ба шуъбаи навбатдорӣ расидааст.

Мақомоти пулис дар ҷойи ҳодиса муқаррар кардаанд, ки марди ҳалокшуда шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон мебошад, ки пас аз афтидан аз баландӣ ба чоҳ (шахта)-и лифт ҳалок шудааст.

“Барои муайян кардани сабабҳои марг ҷасад ба сардхона (морг) фиристода шуд. Аз рӯи ин ҳодиса санҷиш гузаронида мешавад. Ҳолатҳои рух додани ҳодиса таҳқиқ мешаванд”, – хабар додаанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Бино ба иттилои бархе аз ВАО-и маҳаллӣ, ин ҳодисаи фоҷеабор дар майдони сохтмони маҷмааи истиқоматии “Лампо” – иншооти мушкилдори ширкати “Петрострой” рух додааст. Айни замон идомаи сохтмони ин бино аз ҳисоби маблағи Фонди кумак ба саҳмгузорони фиребхӯрда ҷараён дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.