Раиси ноҳияи Кӯшониён гуфт, ба 30 нафар омӯзгорони ҷавон қитъаи замин ҷудо мекунад

Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон зимни як мулоқоти хеш бо омӯзгорони ноҳия, ки ҳафтаи гузашта ҷараён гирифт, дар ҳузури Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар гуфтааст, ба 30 нафар омӯзгорони ҷавону фаъоли ноҳия замини наздиҳавлигӣ ҷудо хоҳад кард. Тавре маркази матбуоти раёсати маорифи вилояти Хатлон аз қавли Икромиддин Вализода менависад, “чунин тасмим […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон зимни як мулоқоти хеш бо омӯзгорони ноҳия, ки ҳафтаи гузашта ҷараён гирифт, дар ҳузури Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар гуфтааст, ба 30 нафар омӯзгорони ҷавону фаъоли ноҳия замини наздиҳавлигӣ ҷудо хоҳад кард.

Тавре маркази матбуоти раёсати маорифи вилояти Хатлон аз қавли Икромиддин Вализода менависад, “чунин тасмим дар асоси супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани имтиёз барои омӯзгорони ҷавон” гирифта шудааст.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар аз ин тасмими раиси ноҳияи Кӯшониён истиқбол карда, зикр кардааст, ки “ҷудо кардани қитъаи замин барои омӯзгорони фаъол баҳри ҳавасмандгардонии кадрҳои тахассуманд метавонад қадами аввали намунавӣ барои дигар раисони шаҳру навоҳии кишвар бошад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин иқдом дар самти ҷудо кардани қитъаи замин барои омӯзгорони ҷавон набуда, қаблан Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ низ гуфта буд барои 30 нафар омӯзгорони ҷавон қитъаи замин ҷудо мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.