Сироҷиддин Муҳриддин ба Сафорати Эрон рафт ва ҳамдардӣ баён кард

Имрӯз, 10-уми ноябр, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳузур дар Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе, аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба давлат ва мардуми Эрон дар иртибот ба фоҷеаи ҳамлаи террористии чанд рӯз қабл ба ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳри Шероз ибрози таслият намуд, хабар медиҳад ВКХ ҶТ. Сироҷиддин Муҳриддин паёми ҳамдардиро дар китоби махсуси […]

Asia-Plus

Имрӯз, 10-уми ноябр, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳузур дар Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе, аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба давлат ва мардуми Эрон дар иртибот ба фоҷеаи ҳамлаи террористии чанд рӯз қабл ба ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳри Шероз ибрози таслият намуд, хабар медиҳад ВКХ ҶТ.

Сироҷиддин Муҳриддин паёми ҳамдардиро дар китоби махсуси таъзия, ки ба ин муносибат дар Сафорати Эрон рӯзҳои 8-9-уми боз шуда буд, дарҷ кардааст.

“Зимни маҳкумияти шадиди ҳамлаи террористӣ ба Шоҳчароғ, барои қурбониён биҳишти барин ва барои маҷрӯҳон шифои комил орзу намуд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамла ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шероз, яке аз панҷ масҷиди калони пайравони мазҳаби шиа дар Эрон, 26-уми октябр рӯй дод ва гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ* масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт.

Эрон дар аввал гуфт, зимни ин ҳамла 15 нафар кушта шуд, аммо баъд аз санҷиши дубора шумори қурбониёнро 13 нафар номбар кард.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузори “Тасним”, бо нашри як гузориш ҳуввияти Субҳон Комронӣ бо номи мустаори «Абуоиша», ки ба иттилои ин хабаргузорӣ омили аслии ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳр Шероз аст, ошкор кардаст. Ин хабаргузорӣ Субҳон Комрониро як узви ДОИШ гуфтааст.

Дар тасвири шиносномаи хориҷӣ, ки хабаргузории “Тасним” нашр кард, дида мешавад, ки он ба Субҳон Комронӣ таалуқ дорад ва он шиносномаи тоҷикӣ аст ва онро 8-уми сентябри соли 2017 ШВКД дар шаҳри Ҳисор додааст.

Қаблан аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Эрон барои рӯшанӣ андохтан ба қазияи ширкати Субҳон Комронӣ ном шаҳрванди Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, моҳи гузашта дар як ибодатгоҳи шиаёни Эрон 13 касро кушт, ба мақомоти расмии Эрон мактуб ирсол кардааст.

Аз ин ниҳод гуфтанд, дар робита ба даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамала ба иботадгоҳи Шоҳчароғи Шероз аз ҷониби мақомоти Эрон мактуби расмӣ дастрас накардаанд.

“Баъди пахши хабарҳо дар бораи он ки гӯё яке аз гумонбарони ҳамла шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Субҳон Комронӣ аст, Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба мақомоти ин кишвар барои рӯшани андохтан ба масъала мактуби расмӣ ирсол намуд ва ҳоло интизори посух аст”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.