Эмомалӣ Раҳмон 400 маротиба ба хориҷа рафтааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар 30 соли роҳбарии худ 400 маротиба ба кишварҳои хориҷа сафар кардааст. Ӯ аз ҳама бештар ба Русия рафтааст: 68 маротиба. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба харитаи сафарҳои хориҷии президенти Тоҷикистон, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст, хабар медиҳад. Манбаъ навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар 30 соли роҳбарии худ 400 маротиба ба кишварҳои хориҷа сафар кардааст. Ӯ аз ҳама бештар ба Русия рафтааст: 68 маротиба.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба харитаи сафарҳои хориҷии президенти Тоҷикистон, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст, хабар медиҳад.

Манбаъ навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то моҳи августи соли 2022 18 маротиба ба Чин, 17 маротиба ба Амрико, 11 маротиба ба Эрон сафар кардааст.

Ба навиштаи ин расона, ин сафарҳо баҳри рушди ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки харитаи сафарҳои хориҷии президенти Тоҷикистон дар солҳои 1992-2022 ба муносибати 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» омода ва ба намоиш бароварда шудааст.

“Харита шакли чоркунҷа дошта, ҳаҷмаш 150 х 130 см мебошад. Харитаи мазкур доир ба сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1992-2022 маълумоти фаровонро дар бар гирифта, дар манзари харитаи ҷаҳон бо тасвири аломатҳои муосири харитасозӣ ва феҳрист доир ба таърихи рӯз, шаҳр, давлат ва мақсади сафари Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинанда маълумот медиҳад”,- омадааст дар хабар.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.