Содир Ҷабборов гуфтааст, масъалаи марз бо Тоҷикистон шояд то Соли нав ҳал шавад

Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон ваъда додааст, ки тарҳи созишнома дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон то Соли нав омода ва ба парлумони ин кишвар пешниҳод мешавад, хабар медиҳад 24.kg. «Худо хоҳад, масъалаи марз бо Тоҷикистонро ҳал мекунем. Агар монеа набошад, то Соли нав тамом мекунем. Мо бояд бо чаҳор кишваре, ки бо онҳо ҳамсарҳадем, дар ҳамфикрӣ […]

Asia-Plus

Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон ваъда додааст, ки тарҳи созишнома дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон то Соли нав омода ва ба парлумони ин кишвар пешниҳод мешавад, хабар медиҳад 24.kg.

«Худо хоҳад, масъалаи марз бо Тоҷикистонро ҳал мекунем. Агар монеа набошад, то Соли нав тамом мекунем. Мо бояд бо чаҳор кишваре, ки бо онҳо ҳамсарҳадем, дар ҳамфикрӣ ва дӯстӣ зиндагӣ кунем. Ягон шаҳрванд ва сарбоз набояд кушта шавад. Пеш аз ҳама, мо бояд дар ин бора андеша кунем”,-гуфтааст Содир Ҷабборов дирӯз,  17-уми ноябр, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон.

Ба гузориши манбаъ, вай таъкид кардааст, ки “агар имрӯз масоҳати кишвар 199 ҳазор километри мураббаъ бошад, пас аз ҳалли ин масъала он ба 210 ҳазор мерасад”.

“Бо Тоҷикистон ҳам ҳал хоҳем кард. Мо бояд Қирғизистони муттаҳид ва амн бошем. Ҳоло мо муттаҳид нестем. Мо ҳоло ҳама чизро барқарор мекунем. Шумо инро дидед, мо ҳуҷҷатро нишон додем. Пас аз ҳалли масъалаи сарҳад ва тасвиб, сулҳ на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ барқарор хоҳад шуд”, – афзудааст Содир Ҷабборов.

Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷаласа Содир Ҷабборов ҳамчунин, гуфтааст, ки ба мавзеи Торт-Кочо (Зарафшони Тоҷикистон) дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мақоми ҳудуди бетараф дода мешавад. 

Ин мавзеъе аст, ки Қирғизистон,дар соли 2009 ба муҳлати 49 сол ба иҷора гирифта буд, ва ҳоло мегӯяд он баҳсӣ аст.

Дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир ду кишвар дар мавриди 460 километри марзи 970 километр тавофуқ надоранд, ки боиси низоъ миёни сокинони маҳаллӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.