ВКД Русия гирифтани изи ангуштон аз хориҷиёнро зимни вуруд ба кишвар пешниҳод кардааст

Дар ВКД Русия бар ин назаранд, ки гирифтани изи ангуштон (дактилоскопия) на дар воҳидҳои минтақавии хадамоти муҳоҷират, балки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ гузаронида шавад. “Мо чунин мешуморем, ки ин расмиёти хеле муҳим аст. Албатта, минбаъд инро дар постгоҳҳои назоратӣ гузаронидан лозим аст… Рӯйи ин масъала ҳамроҳ бо дигар сохторҳо кор карда истодаем”, – гуфтааст рӯзи панҷшанбе […]

Asia-Plus

Дар ВКД Русия бар ин назаранд, ки гирифтани изи ангуштон (дактилоскопия) на дар воҳидҳои минтақавии хадамоти муҳоҷират, балки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ гузаронида шавад.

“Мо чунин мешуморем, ки ин расмиёти хеле муҳим аст. Албатта, минбаъд инро дар постгоҳҳои назоратӣ гузаронидан лозим аст… Рӯйи ин масъала ҳамроҳ бо дигар сохторҳо кор карда истодаем”, – гуфтааст рӯзи панҷшанбе сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова зимни брифинг дар маркази матбуоти гурӯҳи расонаҳои “Россия сегодня”, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба гуфтаи Казакова, соли ҷорӣ қариб 3 млн нафар аз расмиёти мазкур гузаштаанд.

Қобили зикр аст, ки қонун дар бораи гирифтани изи ангуштон дар Русия охири соли гузашта қабул шуд.

Мувофиқи он, муҳлате, ки дар ҷараёни он хориҷиён бояд расмиёти гирифтани изи ангуштонро анҷом диҳанд, ба мақсади вуруди онҳо вобаста аст. Агар шахс зиёда аз 90 рӯз дар Русия бо масоили ғайрикорӣ қарор доштанӣ бошад, ин расиётро бояд на дертар аз 90 рӯз аз замони вуруд гузарад. Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд дар муддати 30 рӯзи изи ангуштонашонро супоранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.