Туркия “Абу Довуд”-ро ба Тоҷикистон супурд. Муҳокимаи парвандаи ӯ оғоз шудааст

Парвиз Саидраҳмонов, ки гуфта мешавад, яке аз таблиғгарони гурӯҳи тундрави ДОИШ буда, бо лақаби “Абу Довуд” машҳур аст, як моҳ пештар ҳамроҳи ҳамсар ва чаҳор фарзандаш аз Туркия ба Тоҷикистон оварда шуда, муҳокимааш дар Додгоҳи шаҳри Душанбе оғоз шудааст. Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе навиштааст, ки ӯ "ба терроризму […]

Asia-Plus

Парвиз Саидраҳмонов, ки гуфта мешавад, яке аз таблиғгарони гурӯҳи тундрави ДОИШ буда, бо лақаби “Абу Довуд” машҳур аст, як моҳ пештар ҳамроҳи ҳамсар ва чаҳор фарзандаш аз Туркия ба Тоҷикистон оварда шуда, муҳокимааш дар Додгоҳи шаҳри Душанбе оғоз шудааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе навиштааст, ки ӯ "ба терроризму одамкушӣ, гаравгонгирӣ, ҷалб ва иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ, ташкилу раҳбарии созмони террористӣ гумонбар аст”.

Кӯшишҳои “Азия-Плюс” барои дарёти иттилои бештар дар робита ба рӯзи баргузории муҳокимаи нахустин ва додраси парванда аз Додгоҳи шаҳри Душанбе бенатиҷа анҷом ёфт.

Гуфта мешавад, ки  Парвиз Саидраҳмонови 35-сола дар чандин амали террористӣ дар Тоҷикистону Русия ва Шветсия гумонбар аст ва Интерпол бо дархости Русия ӯро ҷустҷӯй мекард.

Манбаъ навиштааст, ки ҳамроҳи Парвиз Саидраҳмонов ҳамсараш Мадина Бандаренко, шаҳрванди Русия ва чаҳор фарзандаш ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Оксана Ҷейлиева, модари Мадина Бандаренко, гуфтааст, аз мақомоти Русия хостааст, духтарашро ба он кишвар бибаранд.

"Духтари ман шаҳрванди Русия аст ва бо фиреб ӯро ба Сурия бурда буданд. Ҳоло хоҳиш дорам, ки ӯро бо фарзандонаш ба ватан баргардонанд",- афзудааст ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон "Абу Довуд"-ро аз таблиғгарони хатарноки ДОИШ медонистанд, ки ба иттилои онҳо "даҳҳо ҷавонро ба ҷанг дар Сурия ва Ироқ бурдааст".

Телевизиони TRT-и Туркия моҳи ноябри соли 2019 дар барномае ӯро дар зиндони шаҳраки Африни Сурия нишон дод ва ӯ аз худ "Фирдавс" ном мебурд. Дертар манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯро дар паноҳгоҳе дар Ҷараблуси Сурия диданд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон аз соли 2019 чаҳор бор барои истирдоди ӯ ба Туркия дархост фиристод, вале Анқара посух намедод. Истирдоди ӯ пас аз сафари вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба Туркия дар моҳи июли имсол имконпазир шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.